Таъкиди раиси Ҷумҳури Эрон бар таваққуфи раванди ҷиноёт ва куштори режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза
(last modified 2024-04-09T11:56:46+00:00 )
Апрел 09, 2024 16:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Ҷумҳури Эрон бар таваққуфи раванди ҷиноёт ва куштори режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза
    Таъкиди раиси Ҷумҳури Эрон бар таваққуфи раванди ҷиноёт ва куштори режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҳамкорӣ ва талоши муассири кишварҳо ва уммати исломӣ дар ҷиҳати таваққуфи раванди ҷиноёт ва куштори режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва Фаластин таъкид кард.

Сайиди Иброҳӣми Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони рузи сешанбе дар посух ба тамоси телефонии Абдуллатиф Рашид раиси Ҷумҳурии Ироқ бо табрики мутақобили иди Саъиди Фитр ба миллат ва давлати Ироқ муҳимтарин масаълаи муштараки имрузи Эрон ва Ироқ, ҷаҳони ислом ва ҳамаи озодагони ҷаҳонро ғами амиқи ношӣ аз ҷиноёт ва зулму ситами бесобиқаи режими саҳюнистии зидди фаластиниёни Ғаззаи унвон ва бар масъулияти хатири шаръӣ ва инсонии ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон дар ростои талош барои таваққуфи куштор ва наслкушии ин миллати мазлум муқовим ва муқтадир бо баҳрагири аз ҳамаи зарфиятҳо таъкид кард.

Абдуллатиф Рашид низ бо табрик фарорсидани иди Саъиди Фитр, равобити ду кишварро мустаҳкам ва амиқ ва дар ростои таъмини манофеи ду миллат тавсиф ва тасреҳ кард, давлати Ироқ низ муътақид аст ду кишвар бояд фориғ аз тавтеъаи бадхоҳон барои тақвияти беш аз пеши равобити дустонаи ду кишвари талош кунанд.

Барчасп