Апрел 13, 2024 14:35 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил ; ҷиддияти Эрон дар посух ба таҷовуз ва афзоиши таҳаррукот ва ройзаниҳои ғарбиҳо
    Таҳлил ; ҷиддияти Эрон дар посух ба таҷовуз ва афзоиши таҳаррукот ва ройзаниҳои ғарбиҳо

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба тамосҳои телефонии Анналена Баербук , Давид Камерон ва Пени Вонг вазирони умӯри хориҷаи Олмон , Англис ва Австралия хотир нишон кард вақте режими саҳюнистӣ бо нақзи ҳуқуқи байналмилал ва Конвенсияҳои Вена , масӯнияти афроду амокини дипломотикро нақз мекунад ва Шӯрои амният низ қодир ба судӯри як баёния дар маҳкӯмияти ҳамлаи террористӣ ба сафорати Эрон дар димишқ нест , дифои машрӯъ бо ҳадафи танбеҳи мутаҷовиз як зарурат аст .

Ҳусайн Амирабдуллоҳён вазири умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ кардааст , Эрон ба дунболи густариши доманаи ҷанг нест , аммо бозгашти амнияти пойдор дар минтақаи ҳассоси Ғарби Осиё , ба маҳори раҳбарони ҷангталаб ва номутаъодили режими саҳюнистӣ ва таваққуфи пойдори ҷиноёти ҷангии ин режим алайҳи борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ равад Урдун муртабит аст .

Ҷаҳон дар ҳолеи худро барои посухи Эрон ба оташафрӯзии режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба сохтимони сафорати Эрон дар Димишқ ва шаҳодати мусташорони эронӣ омода мекунад ки саҳюнистҳо дар ваҳшату нигаронӣ ба сар мебаранд ва кишварҳои ғарбиро барои ҷилавгирӣ аз посухи Эрон ба ройзанӣ ва такопу водоштаанд .

Онтавр ки аз шавоҳиду мавозиъи мақомоти олирутбаи эронӣ бар меояд зарба ба Исроили қатъӣ шуда ва дар бораи сенарияҳо ва наҳваи посухи ҷамъбандии ниҳои сӯрат гирифтааст. Нигаронии мақомоти режими саҳюнистӣ аз ин рӯ аст ки иқдоми талофиҷӯёна аз манзари ҳуқуқӣ ва  урфи байналмилали комилани дорои машрӯъият қонӯнӣ хоҳад буд .

Ҳамла ба амокини дипломотики Ҷумҳурии Исломии Эрони нақзи қатъӣ ва  равшани Конвенсияи 1961 Вена роҷеъ ба равобити дипломотик ва ҳамчунин нақзи мусаллами қавоиди Конвенсияи 1973 пешгирӣ аз муҷозоти ҷароими алайҳи ашхоси мавриди ҳимояти байналмилалӣ аз ҷумла маъмурини диплумотик низ мебошад ки тибқи он Конвенсия ҳар гӯна ҳамлаи хушунатомез ба амокини расмӣ ва маҳали сукӯнати ашхоси мавриди ҳимояти байналмилалӣ аз ҷумлаи дипломатҳо мамнӯъаст .

Билофосила пас аз иқдоми зидди ҳуқуқӣ ва  муғойири усӯли мусаллами ҳуқуқи байналмилали Исроил дар ҳамла ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ , иқдомоти дипломотик аз сӯии мақомоти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон оғоз шуду намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милал , дар номае ба дабири кули ин Созмон ва  раиси Шӯрои амният , маҳкӯмияти ҳамлаи Исроил ва тасмимгирии лозим дар ин бораро хостор шуд ва ба дунболи он , Русия ҷаласаи алании Шӯрои амнияти Созмони Милалро аз кишвари Малта дархост кард ки раёсати давраии ин шШроро дар моҳи ҷории мелодӣ ( апрел ) баръуҳда дорад .

Ин нишаст рӯзи 14 фарвардини моҳи 1403 баробар бо дувуми апрели 2024 баргузор шуду намояндагони кишварҳои узв дар Шӯрои аминати Созмони Милал дар нишасти изтирории ин Шӯро дар бораи ҳамлаи режими Исроил ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқи Сурияро маҳкӯм карданд ва дар бораи иқдомоти ин режим ва  ошӯбҳои бештар дар минтақа ҳушдор доданд . Аммо се кишвари Амрико , Англис ва  Фаронса ва низ муттаҳидони онҳо яъне Кареяи Ҷануби ва  Ҷопон ин ҳамлаи Исроилро на танҳо маҳкӯм накарданд балки монеъи судӯри қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал барои маҳкӯмияти ин ҳамла шуданд .

Агар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳиди таҷовузи режими саҳюнистӣ ба амокини дипломотики Эрон дар Димишқро маҳкӯм ва  мутаъоқибан омилони онро муҳокима мекард , шояд заруратӣ барои муҷозоти ин режим тавассути Эрон буд ин дар ҳолеаст ки тибқи модаи 24 маншур , Шӯрои амният аз тарафи тамомии аъзои Созмони Милал масъӯли аслии ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ аст ва бояд дар иҷрои ин вазоиф тибқи аҳдоф ва усӯли Милали Муттаҳид амал кунад аммо ин Шӯро ҳаргиз ба вазоиф ва  масулитҳои таъриф шудаи худ дар мавориде, ки пои Исроил дар миён буда амал накардааст ва ҳамин амр яке аз авомили аслии тӯлонӣ шудани буҳрони Фаластин ва  ховаримиёна дар ҳашт даҳаи гузашта будааст .

Аз онҷо ки тибқи усӯлу қавонини байналмилалӣ ҳамла ба амокини консулӣ ва  дипломотики Эрон дар Сурияи илова бар таҷовуз ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии ин кишвар ҳамла ба хоки Эрон низ маҳсӯб мешавад лизои Эрони тибқи усӯлу қавонини ҳуқуқи байналмилал аз ҷумла асли муқобила ба мисли ва ё дифои машрӯъи ҳақи талофӣ ва дифо аз худро дорад ва мехоҳад аз ин ҳаққи худ истифода кунад . Чуноне, ки модаи 51 маншури мМлали Муттаҳид , ҳаққи истифода аз зӯри давлатҳо дар дифо аз худро « дар сӯрати вуқуъи ҳамлаи мусаллаҳона » то замоне, ки Шӯрои амнияти иқдомоти лозимро анҷоми надиҳад , ҳифз мекунад .

Барчасп