Дар сурати иқдоми муҷаддади Исроил ба ҳамлаи низомӣ, посухи Теҳрони қотеътар хоҳад буд
(last modified 2024-04-14T05:58:34+00:00 )
Апрел 14, 2024 10:58 Asia/Dushanbe
  • Дар сурати иқдоми муҷаддади Исроил ба ҳамлаи низомӣ, посухи Теҳрони қотеътар хоҳад буд
    Дар сурати иқдоми муҷаддади Исроил ба ҳамлаи низомӣ, посухи Теҳрони қотеътар хоҳад буд

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба шурои амният эълом кард, агар режими Исроил муҷаддадан иқдом ба ҳаргунаи ҳамлаи низомӣ бизанад, посухи Эрон мутмаиннан қавитар ва қотеътар хоҳад буд.

Ба гузоришаши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъиди Иравонӣ намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал дар номаи расми ба дабирикули Созмони Милал ва раиси шурои амният эълом кард , Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ҳушдор нисбат ба ҳаргунаи таҳрики низомии бештар тавассути режими саҳюнистӣ бар таъаҳҳуди тазалзулнопазири худ барои дифо ва посухи шадид ва мутобиқи қавонини байналмилал дар баробари ҳаргунаи таҳдид ё таҷовузи зиди мардум, амнияти миллӣ, манофеи миллӣ , ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон таъкид мекунад .

Иравони афзуд мутаъоқиби ҳамалоти мусаллаҳонаи режими Исроил ба амокини диплумотики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ , пойтахти Сурия ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт нафар аз мусташорони аршади низомии Эрон шуд , ба итилоъ мерасонад , Эрон бомдоди имрӯзи якшанбе 13 аврел иқдом ба ҳамалоти низомӣ ба аҳдофи низомии режим Исроил кардааст .

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард, иқдоми низомии Эрон дар иҷрои ҳақи зотии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дифо аз худ ки зайли модаи 51 маншури Созмони Милал ва дар посух ба таҷовузҳои низомии мукаррари режими Исроил, ба вижаи ҳамлаи низомии ин режим дар аввали аврел ки дар таноқузи комил бо модаи 2 банди чаҳоруми маншур буд иттихоз шудааст .

Иравони афзуд мутаъасифона , шурои амнияти Созмони Милал дар анҷоми вазоифи худ дар ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ кутоҳӣ карда ва ба режими Исроил иҷоза дод то хутути қирмиз ва усули асосии ҳуқуқи байналмилалро зери пои бигузорад ки чунин тахаллуфотӣ , муҷиби ташдиди танишҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ шудааст .

Дипломати аршад Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои масъули Созмони Милал ба аҳдоф ва усули мундараҷи зайли маншури милали муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилал мутаъаҳҳид буда ва мавзеи собити худ мабни бар ин ки ба дунболи ташдиди таниш ё даргирӣ дар минтақа нестро таъкид мекунад .

Барчасп