Апрел 17, 2024 10:11 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Раисӣ бо Путин
    Гуфтугӯи телефонии Раисӣ бо Путин

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ҳамлаи мушакиву паҳподии Эрон ба режими Исроил бо ҳадафи танбеҳи мутаҷовиз бо муваффақият анҷом шудааст ва ба ҳар гуна иқдоми зидди манофеи миллии Эрон саҳмгинтар, густардаву дардноктар аз қабл посух дода хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо қадрдонӣ аз мавзеи усуливу созандаи давлати Русия дар қиболи дифои машруи Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Сурия, ин иқдоми террористиро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Вена ва таҳдиде ҷиддӣ зидди сулҳи байналмилалӣ донист.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия низ бо маҳкум кардани иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Сурия, ин иқдомро хилофи ҳамаи мавозину муқаррароти байналмилалӣ донисту гуфт: Он чӣ аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба ин иқдоми ҷинояткорона ва дар сояи инфиъоли Шӯрои амният иттифоқ афтод, беҳтарин равиш барои танбеҳи мутаҷовиз ва ҷилвае аз дирояту ақлонияти раҳбарони Эрон буд.

Раиси ҷумҳурии Русия бо интиқоди шадид аз рафтори Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ дар танишзоӣ дар минтақа, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумлаи пояҳои аслии суботу амният дар минтақа аст.

 

Барчасп