Содироти маҳсулоти ороишӣ ва шӯяндаи Эрон
Ноиби раиси комиссияи саноеъи беҳдоштӣ ва ороишии Утоқи Эрон, аз содироти 130 миллион доллар маҳсулоти ороишӣ ва шӯянда хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиризо Каёни имрӯз чаҳоршанбе гуфт: Соли гузашта ҳудуди 130 миллион доллар маҳсулоти ороишӣ, беҳдоштӣ ва шӯянда аз Эрон ба хориҷ аз кишвар содир шуда, ки ҳудуди 25 миллион доллари он саҳми содироти маҳсулоти ороишӣ, беҳдоштӣ ва 95 миллион доллари он саҳми содироти маҳсулоти шӯянда будааст.
Дар ҳамин росто сию якумин Намоишгоҳи байналамллии маводи шӯянда, поккунанда, беҳдоштӣ ва мошинолоти вобаста 1403 аз 17 то 20 апрел баргузор мишавад.
20 ҳайати тиҷорӣ аз Сербистон, Арманистон ва Чин аз ин намоишгоҳ дидан мекунанд.
268 ширкати дохилӣ, 69 ширкати хориҷӣ аз кишварҳои Чин, Фронса, Туркия, Испания, Ҳинд, Олмон, Италия, Русия, Малайзия, Аргентина, Белгия, Кореяи ҷанубӣ ва Нидерландия дар ин намоишгоҳ ширкат мекунанд.
Каёнӣ идома дод: Дар ҳошияи ин намоишгоҳ 12 коргоҳи омӯзишӣ ва ҷаласоти дуҷониба байни тоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ ташкил хоҳад шуд.