Бо раъйи намояндагон;
Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон шуд
Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф-мунтахаби мардуми Теҳронро ба унвони раиси маҷлис барои иҷлосияи аввали маҷлиси дувоздаҳум интихоб карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,дар ҷаласаи алании имрӯз (сешанбе 28 май) Маҷлиси шӯрои исломии Эрон аввалин интихоботи иҷлосияи ҳайати раисаи давраи дувоздаҳуми маҷлис баргузор шуд ва Муҳаммадбоқир Қолибоф-мунтахаби мардуми Теҳрон, ҳуҷҷатилислом Муҷтабо Зулнур- мунтахаби мардуми Қум ва Манучеҳр Муттакӣ- мунтахаби мардуми Теҳрон ба унвони номзадҳои раёсати маҷлис эъломи омодагӣ карданд.
Пас аз раъйгирӣ, ки ба сурати коғазӣ анҷом шуд, Муҳаммадбоқири Қолибоф бо 198 раъй аз маҷмӯъи 287 ба унвони раиси маҷлис барои иҷлосияи аввали маҷлиси дувоздаҳум таъйин шуд.
Маросими ифтитоҳияи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо ҳузури намояндагони мунтахаб ва масъулони кишварӣ ва лашкарӣ рӯзи гузашта баргузор шуд.