Таслияти солрӯзи иртиҳоли Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified 2024-06-03T08:16:04+00:00 )
Июн 03, 2024 13:16 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи иртиҳоли Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Таслияти солрӯзи иртиҳоли Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз ( душанбе ) чаҳордаҳуми хурдоди 1403 ҳиҷрии шамсӣ ( 25 зилқадаҳи 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 3 июни 2024 милодӣ ) солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст .

35 соли пеш дар чунин рӯзӣ , “ Руҳуллоҳи Мусавии Хумайнӣ “ ( раҳ ) , Раҳбари кабри Инқилоби исломии Эрон , пас аз 87 соли зиндагии пурталошу хастагинопазир , чашм аз ҷаҳон фурубастанд ва ба дидор ҳақ шитофтанд .

Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) муборизоти худро аз соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ бо режими истибдоди шоҳ ва мудохилоти Амрико дар Ирон оғоз карданд ва саранҷом тавассути режими Шоҳ ба Туркия ва сипас ба Ироқ табъид шуданд .

Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар муддати сездаҳ соли табъид дар Ироқ , илова бар тарбияти шогирдон бисёр , ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва матомиъи номашрӯъи Амрико дар Эрон пардохтанд ва бо судӯри эъломияҳои равшангар , заминаҳои пирӯзии инқилоби исломиро фароҳам карданд .

Саранҷом пас аз авҷгирии мубориза ва  ҳиҷрати Имом ба Фаронса ва сипас бозгашти шиквамандонаи Ишон ба Эрон , Инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ба пирӯзии ниҳоӣ расид .

Пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ , бо вуҷӯди тавтиъаҳои қудратҳо ва душманони дохилӣ ва хориҷии инқилоб аз ҷумла ҷанги таҳмилии режими Баъси Ироқ алайҳи Эрон , Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар шароити сахту душвори он давра , мардуми Эронро бо дирояту шуҷоат , раҳбарӣ карданд .

Гуфтанӣ аст , имрӯз ( душанбе ) маросими иртиҳоли Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) дар марқади мутаҳҳари эшон дар Теҳрон бо ҳузури густардаи мардум аз саросари Эрони исломӣ ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва бо суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор мешавад .