Июл 01, 2024 18:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи «Элкомп» дар Эрон бо шиори «ҳама бо ҳам барои иқтисоди диҷитал»

Намоишгоҳи «Элкомп» дар Эрон бо ҳузури беш аз 500 ширкати дохилӣ, хориҷӣ ва маҷмӯаҳои стартопӣ барои ба рушди иқтисоди диҷитал дар Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.

27-умин намоишгоҳи «Элкомп» аз рӯзи шанбе (29 июн) бо ҳузури вазири иртибототу фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрону фаъолони ҳавзаи иртибототу фанноварии эронӣ дар маҳали доимии намоишгоҳҳои байналмилалии Теҳрон оғоз ба кор кард ва то рӯзи сешанбе дувуми июл ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.

Ба гузориши ИРНА, Алӣ Ҳакими Ҷаводӣ, раиси Созмони низоми синфии роёнаии Эрон “Наср”, рӯзи гузашта (якшанбе) дар нишасти хабарӣ дар ин намоишгоҳ бо ишораи инки дар ин намоишгоҳ 50 ширкати хориҷӣ ва низ 50 нафар дар қолаби ҳайатҳои тиҷорӣ ширкат кардаанд, гуфт, бо таваҷҷуҳ ба инки ҳавзаи иртибототу фанноварии иттилоот дар тамоми шуъӯни зиндагии мардум таъсир дорад, намоишгоҳи «Элкомп» дорои аҳамияти вижа аст.

Вай ҳамчунин бо ин тавзеҳ, ки дар намоишгоҳҳои гузашта байни 70 то 100 контери стартопӣ доштаанд ва акнӯн ағлаби стартопҳои эронӣ ба ширкатҳои бузург табдил шуда ва шароити фаъолияти стартопҳо тағйир кардааст, афзуд, ин давраи намоишгоҳи «Элкомп»  рӯйдодҳои ҷонибӣ ба номҳои старз, контрҳои стартопӣ, тино старз дар ҳоли фаъолият ҳастанд ва ҳамчунин ду бахши ҷадид ба «Элкомп» афзӯда шуда, ки яке аз онҳо Insurtech бо ҳимояти Бонки марказии Эрон аст.

Ҳамчунин Ризо Ҳайдарӣ, дабири иҷроии намоишгоҳ низ гуфт, бахши ҷадиди дигаре, ки вуҷӯд дорад, «Элкомп»  комерс аст, ки дар таъомул бо утоқи бозаргонӣ шакл гирифта то туҷҷору бозаргонони эронӣ дағдағаҳои худро эълом кунанд то шароити таъомулӣ дар ҷиҳати тавсеаи касбу корҳо рух диҳад.

 

Барчасп