Июл 07, 2024 17:13 Asia/Dushanbe
  • Касби нахустин медоли таърихи ғаввосии Эрон дар қаҳрамонии ҷаҳон

Муҳаммадҳусайни Зореъӣ, узви тими миллии ғаввосии озоди Эрон дар раддаи синнии ҷавонони рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон муваффақ ба касби медол нуқра шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ғаввосии озод, ки дар Сербия дар ҳоли баргузорист, Муҳаммад Ҳусайни Зореъӣ дар модаи дайномики бидуни фин, ки тавассути федератсияи ҷаҳонии ғаввосӣ баргузор мешавад, муваффақ ба касби медоли нуқра дар раддаи синнии ҷавонон шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони Сербия ба унвони интихобии Бозиҳои ҷаҳонӣ (World Games) дар назар гирифта шудааст.

 

Барчасп