Таъкиди вазири хориҷаи Покистон бар пайгирӣ ва иҷрои тавофуқномаҳои имзо шуда бо Эрон
Июл 10, 2024 08:47 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Покистон бар пайгирӣ ва иҷрои тавофуқномаҳои имзо шуда бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, сенатор Муҳаммад Исҳоқ Дор, вазири умури хориҷаи Покистон рӯзи сешанбе гуфт, тавофуқоти муштарак имзо дар сафари шаҳид Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури фақиди Эрон ба Покистон пас аз истиқрори давлати ҷадид дар Теҳрон пайгирӣ хоҳад шуд.