Таъкиди Қолибоф бар истифода аз зарфияти Эрон дар ҳавзаҳои хадамоти муҳандисӣ ва донишбунён
(last modified 2024-07-12T12:08:23+00:00 )
Июл 12, 2024 17:08 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қолибоф бар истифода аз зарфияти Эрон дар ҳавзаҳои хадамоти муҳандисӣ ва донишбунён

​Дар дидори раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Қолибоф бар истифода аз зарфияти Эрон дар ҳавзаҳои хадамоти муҳандисӣ ва донишбунён таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз (ҷумъа 22 тирмоҳи 1403) бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ, ки барои ҳузур дар нишасти руасои маҷолиси БРИКС ба Русия сафар кардааст, дидору гуфтугӯ кард.

Бар асоси ин гузориш, Қолибоф дар ин дидор бо ишора ба зарфияти Эрон дар ҳавзаи хадамоти фаннии муҳандисӣ гуфт, мо дар ҳавзаи хадамоти муҳандисӣ, донишбунёнҳо ва мавзуоти марбӯт ба технологӣ, зарфиятҳои бисёре хубе дорем ва метавонем аз ин зарфият барои тавсеаи иртиботот истифода кунем, бавижа инки дар ин ҳавзаҳо бахши хусӯсӣ ва донишгоҳҳо низ фаъол ҳастанд.

Вай бо ишора ба инки порлумонҳо метавонанд дар ин масир ба тасҳилу иртиқои равобит кумак кунанд, изофа кард, мо ҳамзабон, ҳамкеш ва ҳамсоя ҳастем ва бояд аз ин зарфият барои тавсеаи равобит истифода кунем.

Вай афзуд, мо дар ҳавзаи хадамоти муҳандисӣ дар дунё тарози хубе дорем, ки метавон аз ин зарфият барои тарроҳӣ ва иҷро ва сохти роҳ, саду пружаҳои марбӯт ба барқу энержӣ то масоили кишоварзӣ истифода кард.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ин дидор зимни гиромидошти ёду хотираи раисиҷумҳури шаҳид оқои Раисӣ, ба хотирае ишора кард ва гуфт, замоне, ки аз раисиҷумҳури шаҳид барои ҳузур дар Тоҷикистон даъват ба амал омад, эшон қабул карданд ва аввалин сафари оқои Раисӣ ба Тоҷикистон буд.

Вай зимни даъват аз доктор Қолибоф барои сафар ба Душанбе, изофа кард, тавсеаи равобит амре зарурист, ки бояд онро пайгирӣ кунем.

Зокирзода афзуд, Эрону Тоҷикистон ду кишвари дӯст ва ҳамсоя ҳастанд ва бояд аз ин решаҳо ба унвони фурсате барои тақвияти равобити иқтисодӣ ба дурустӣ истифода кард.

Ҳамчунин дар ин нишаст дар бора раванди иҷроӣ шудани пружаҳои ободонӣ дар Тоҷикистон, ки аз сӯи муҳандисони эронӣ дар ҳоли иҷро аст, гузорише ироа шуд.

 

Барчасп