Масъуди Пизишкиён: Иштирокот байни ду миллат ва кишвари Эрону Яман таърихӣ ва амиқ аст
(last modified 2024-07-15T12:05:24+00:00 )
Июл 15, 2024 17:05 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён: Иштирокот байни ду миллат ва кишвари Эрону Яман таърихӣ ва амиқ аст

Раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон дар гуфтугӯи телефонии раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт: Иштирокот байни ду миллату кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Яман таърихӣ ва амиқ аст ва давлати чаҳордаҳум низ бо такя бар ҳамин иштирокот ба дунболи тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, Пизишкиён асри рӯзи гузашта (якшанбе) дар посух ба тамоси телефонии Маҳдии Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, тасмими шуҷоонаи раҳбарони яманиҳо дар ҳимоят аз ҳуқуқи миллати мазлӯми Фаластинро қобили ситоиш донист ва гуфт, дар ҳоле, ки беамалии бархе давлатҳо дар қиболи миллати Фаластин мавриди сарзаниши ояндагон қарор хоҳад гирифт, ҳимояти миллати Яман аз фаластиниён ҳамвора ҳамчун нигине хоҳад дурахшид.

Пизишкиён афзуд, Яман бар хилофи баъзе кишварҳои арабӣ бо вуҷӯди сахтиҳои фаровон ва бо лиҳози мухотироти эҳтимолӣ, ба шакли амалӣ вориди майдони ҳимоят аз фаластиниён шудааст, ки ин амр дар таърих мондагор хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин решаи ҳамаи иттифоқоти талху ногувор дар минтақаи ғарби Осиёро сиёсатҳои мухарриби Ғарб ва ҳузури режими саҳюнистӣ донист ва гуфт, умедвор аст бо таҳаққуқи сулҳи комилу рафъи муҳосираи Яман заминаи густариш беш аз пеши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Исломии Эрону Яман фароҳам шавад.

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман ҳам дар ин тамоси телефонӣ, интихоби Пизишкиён аз сӯи мардумро пирӯзии иродаи миллати Эрон тавсиф ва кард ва гуфт, пирӯзии миллати Эрон, пирӯзии ҳамаи миллатҳои мустазъафи ҷаҳон ва ҷараёни муқовимат аст.

 

Барчасп