Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Минтақа ниёзманди ҳамкории роҳбурдии Эрон ва Русия аст
(last modified 2024-07-17T07:21:38+00:00 )
Июл 17, 2024 12:21 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Минтақа ниёзманди ҳамкории роҳбурдии Эрон ва Русия аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Осиё ба ҳамкорӣ ва шарокати роҳбурдии Эрону Русия ниёз дорад.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Russia Today” бо баёни инки давлати ҷадиди Эрон низ ба тавсеаи равобит бо дигари кишварҳо идома хоҳад дод, афзуд, ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русия бавижа муборизаи муштарак бо терроризм дар давраи давлати чаҳордаҳуми Эрон низ идома хоҳад ёфт.

Чофӣ бо ишора ба узвияти Эрону Русия дар БРИКС ва раёсати феълии Русия дар ин гуруҳ низ гуфт, БРИКС чандҷонибагароиро ба ҷои якҷонибагароӣ тарвиҷ мекунад.

 

Барчасп