Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Сукут дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо, бозгузоштани дасти ҷаллодон аст
(last modified 2024-07-18T05:44:24+00:00 )
Июл 18, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Сукут дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо, бозгузоштани дасти ҷаллодон аст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба ҷинояти ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза, аз сукут ва беамалии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар қиболи ин ҷиноёт интиқод кард.

Носири Канъонии Чофӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт:  Режими саҳюнистӣ бо ҳадаф қарор додани муҳавватаи мадрасаи Ал Қоҳира дар шаҳри Ғазза, ҷинояти ҳавлноки дигареро рақам заду ҷамъи зиёде аз шаҳрвандони бугуноҳро ба тарзи фаҷеъе ба хоку хун кашид.

Дар ин ҳамла токунӯн 11 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанду шумори дигаре низ маҷрӯҳ шудаанд.

Чофӣ афзуд, сукут ва беамалии давлатҳо ва маҷомеъи байналмилалӣ дар муқобили ин ҳама қасоват ва бераҳмӣ ва ҷинояти зиддибашарии саҳюнистҳо, амалан бозгузоштани дасти ҷаллодони хуношом дар тадовуми наслкушии ҷорӣ дар Борикаи Ғазза аст.

Вай таъкид кард, муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башару содиркунандагони таслеҳот барои ин режим, ҳамдасту шарики комили ҷинояткорони саҳюнист дар куштори ҷамъии фаластиниён ҳастанд.

 

Барчасп