Июл 22, 2024 17:34 Asia/Dushanbe

Размоиши имдод, наҷот ва амнияти дарёии-2024 бо ҳузури ягонҳои шиновару парвозӣ аз Эрону Русия ва намояндагоне аз кишварҳои ҳошияи Дарёи Хазар, аз ҷумла Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Аббоси Ҳасанӣ, сухангӯи размоиши мураккаби имдод, наҷот ва амнияти дарёии 2024 имрӯз (якшанбе) гуфт, бо ибтикори нерӯи дарёии артиши Эрон барои аввалин бор размоиши мураккаби имдод, наҷоту амнияти дарёии 2024 иҷро мешавад. Рӯзи гузашта ягонҳои ҳозир дар ин размоиш аз ҷумла киштии имдоду наҷоти Русия дар минтақаи размоиш ҳозир шуданд.

Ҳасанӣ идома дод, рӯзт гузашта нишасти ҳамоҳангӣ ва мурури тамринҳо анҷом шуд ва имрӯз бахши амалиётӣ ва тактикии размоиш баргузор хоҳад шуд. Ин бахш шомили амалиёти итфои ҳариқ, наҷоти масдумони киштии осебдида аз тариқи болгард, тамрини аксбардории ҳавоӣ, ороиши низомӣ барои анҷоми режа ва тамрини тирандозӣ анҷом мешавад.

 

Барчасп