Пизишкиён дар вокуниш ба ташвиқи Натаняҳу дар Конгресси Амрико: Хуни бегуноҳ золимро раҳо намекунад
(last modified 2024-07-26T13:13:24+00:00 )
Июл 26, 2024 18:13 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён дар вокуниш ба ташвиқи Натаняҳу дар Конгресси Амрико: Хуни бегуноҳ золимро раҳо намекунад

Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон дар вокуниш ба ташвиқи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Конгресси Амрико таъкид кард: “Хуни бегуноҳ ҳеҷ гоҳ золимро раҳо намекунад”.

Ба гузориши ИРНА, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаби Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” дар вокуниш ба ҳузуру суханронии Бинямин Натаняҳу дар Конгресси Амрико навишт, на ҷинояти куштани мардуми бегуноҳ ва кӯдакони бепаноҳро метавон нодида гирифт ва на ҷинояткорро метавон бо ташвиқи истода татҳир кард.

Бо вуҷуди эътирозоти мардумӣ дар Амрико нисбат ба ҳузури Натаняҳу дар ин кишвар, намояндагони Конгресс дар замони суханронии нахуствазири Исроил дар Конгресс, чандинбор ӯро ташвиқ карданд.

 

Барчасп