Бозтоби маросими танфизи ҳукми раисиҷумҳури Эрон тавассути Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар расонаҳои ҷаҳон
(last modified 2024-07-29T05:37:17+00:00 )
Июл 29, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Маросими танфизи ҳукми Масъуди Пизишкиён
    Маросими танфизи ҳукми Масъуди Пизишкиён

Маросими танфизи ҳукми раисиҷумҳури ҷадиди Эрон тавассути Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби густарда ёфт.

Маросими танфизи ҳукми Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури ҷадид аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, рӯзи якшанбе (28 июл) баргузор шуд ва расонаҳо дар саросари ҷаҳон ин маросимро пӯшиш доданд.

Шабакаи телевизионии “Ал-Маёдин” бо пӯшиши маросими танфиз, ба нақл аз оятуллоҳ Хоминаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гузориш дод, қудрати муқовимат дар ҳоли афзоиш аст ва Исроил натавониста онро бишиканад.

Хабаргузории “Ан-Нашраҳ” -и Лубнон низ гузориш дод, Пизишкиён дар маросими таҳлифи худ ба унвони раисиҷумҳури ҷадиди Эрон гуфт, Эрон бояд қудратманд ва аз адолати иҷтимоӣ бархӯрдор бошад ва ба шаҳрвандон озодӣ бидиҳад.

Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” низ бо қатъи барномаи телевизионии худ, маросими танфизро ба сурати мустақим пӯшиш дод.

Ҳамчунин, пойгоҳи хабарии “Си Ҷи Ти Эн”-и Чин навишт, ҳукми раёсати ҷумҳурии Масъуди Пизишкиён рӯзи якшанбе дар маросиме аз сӯи раҳбари ҷумҳурии исломӣ ба таври расмӣ таъйид шуд.

Хабаргузории Фаронса низ маросими танфизи Масъуди Пизишкиёнро дар қолаби хабарӣ мунташир кард.

 

Барчасп