Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар лузуми ҳамкории Эрону Тоҷикистон барои ҳифзу густариши забони форсӣ
(last modified 2024-07-30T13:16:56+00:00 )
Июл 30, 2024 18:16 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари инқилоби исломии Эрон
    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари инқилоби исломии Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бар лузуми ҳамкории Эрону Тоҷикистон барои ҳифзу густариши забони форсӣ таъкид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ, сиёсату авлавияти аслии Ҷумҳурии исломии Эронро густариши равобит бо кишварҳои минтақа, ба вижа кишварҳои ҳамзабон ва дорои фарҳанг, таърих ва дини муштарак донистанду таъкид карданд: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчун гузашта омодаи ҳамкории самимона бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо қадрдонӣ аз сафари раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон, барои ҳузур дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури Эрон, рафтуомади мақомоти ду кишварро заминасози густариши ҳамкориҳо хонданду гуфтанд: Забони форсӣ аз иштирокоти муҳими Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва бояд барои ҳифзу густариши ин забон ва ҷилавгирӣ аз бархе талошҳо барои инзивои он, ҳамкориҳои бештаре анҷом шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ташаккур аз иқдомоти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони форсӣ ибрози умедворӣ карданд: Хати бостонии форсӣ низ дар Тоҷикистон тарвиҷ шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Густариши равобити Эрону Тоҷикистон мухолифине дорад, ки бояд барои муқобила бо онҳо барнома вуҷуд дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ бо ибрози хурсандии фаровон аз дидори муҷаддад бо Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, ба музокироти худ бо Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ишора карду гуфт: Ҳамон гуна, ки чанд соли пеш ҷаноби олӣ фармудед, ду кишвар хешованд ҳастанду Тоҷикистон густариши беш аз пеши равобит ва истифода аз таҷорибу пешрафтҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар арсаҳои илмӣ, саломат ва санъатро хостор аст.

 

Барчасп