Таъкиди Эрон бар зарурати баргузории нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар маҳкумияти террори шаҳид Ҳания
(last modified 2024-08-01T11:35:58+00:00 )
Август 01, 2024 16:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон барои баргузории нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар қазияи террори Ҳания
    Дархости Эрон барои баргузории нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар қазияи террори Ҳания

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бар зарурати баргузории нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ барои маҳкум кардани террори шаҳид Исмоил Ҳания ва муқовимат бо таҷовузи террористии режими ҷаълии саҳюнистӣ таъкид кард.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизонаш субҳи чаҳоршанбе (31 июл) бар асари ҳамла ба манзили онҳо дар Теҳрон ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши ИРНА, Алии Боқирӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири умури хориҷии Қатар, дар бораи иқдоми ҷинояткоронаи режими ишғолгари Қудс дар террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт: Режими саҳюнистӣ бо шаҳодати эшон, ошкоро зидди миллати исломӣ, кишварҳои минтақа, миллати Фаластин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, иқдоме ҷинояткорона муртакиб шуд.

 

Барчасп