Таъкиди Эрон бар ҷилавгирӣ аз такрори таҷовузи Исроил ва барқарории оташбас дар Ғазза
(last modified 2024-08-08T07:05:25+00:00 )
Август 08, 2024 12:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар ҷилавгирӣ аз такрори таҷовузи Исроил ва барқарории оташбас дар Ғазза

Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамзамон бар ду авлавияти барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза ва хурӯҷи ишғолгарон аз ин сарзамин ва низ муҷозоти таҷовузгарони режими саҳюнистӣ таъкид дорад.

Ба гузориши ИРНА, намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба суоле мабнӣ бар инки Ҳамос эълом карда, дар сӯрати барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза, Эрон аз посух зидди режими саҳюнистӣ мунсариф хоҳад шуд, тасреҳ кард, барқарории оташбаси пойдор дар Борикаи Ғазза ва хурӯҷи ишғолгарон аз ин сарзамин аз яксу; муҷозоти мутаҷовиз ба хотири террори шаҳид Исмоил Ҳания ва пешгирӣ аз такрори таҷовузҳои террористӣ аз сӯи дигар, ду авлавияти Эрон ба сӯрати ҳамзамон маҳсӯб мешавад.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва яке аз муҳофизонаш бомдоди рӯзи чаҳоршанбе (31 июл) дар ҳамлаи террористӣ дар Теҳрон ба шаҳодати расиданд.

Амир Саиди Ереванӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид низ дар пайи ҳамлаи террористӣ ва мутаҷовизонаи режими Исроил ба ҳокимияту тамомияти арзии Эрону шаҳодат Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар номае ба Шӯрои амнияти Созмони милал эълом кард, ин режими террористӣ ва ҳомиёни он масъулияти ин иқдомотро бар ӯҳда доранд.

Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар истифода аз ҳаққи зотии худ дар дифои машрӯъ ба мӯҷиби модаи 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид барои посухи қотеъ ва фаврӣ, тардиде нахоҳад кард.

 

Барчасп