Эрон: Ҳаққи дифои машрӯи Эрон дар посух ба ҷинояти режими Исроил, иртиботе ба оташбаси Ғазза надорад
(last modified 2024-08-10T13:39:41+00:00 )
Август 10, 2024 18:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Ҳаққи дифои машрӯи Эрон дар посух ба ҷинояти режими Исроил, иртиботе ба оташбаси Ғазза надорад

Порс тудей - намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар иттилоияе бо таъкид бар инки амнияту ҳокимияти миллии Эрон дар иқдоми террористии ахири режими Исроил дар Теҳрон нақз шудааст, эълом кард, ҳаққи дифои машрӯъи Эрон иртиботе ба оташбаси Ғазза надорад.

Намояндагии Эрон дар Созмони миллал рӯзи чаҳоршанбе ба 2 пурсиши расонаҳо дар бораи эҳтимоли таъвиқи посухи Эрон ба ҷинояти Исроил дар террори шаҳид Исмоил Ҳания дар Теҳрон ва низ каналҳои мавҷӯди интиқоли паём миёни Эрону Амрико, посух дод.

Ба гузориши Порс тудей, намояндагии Эрон дар Созмони милал дар посух ба ин суол, ки оё Эрон посух ба ҷинояти Исроил дар террори шаҳид Исмоил Ҳанияро то гуфтугуҳои ин ҳафта дар бораи оташбас дар Ғазза ба таъвиқ меандозад, хотирнишон кард, барқарории оташбаси пойдор дар Ғазза авлавияти Эрон аст ва ҳар тавофуқе, ки Ҳамос бипазирад, мавриди қабули Теҳрон ҳам хоҳад буд, аммо ҳаққи дифои машрӯъи Эрон иртиботе ба оташбаси Ғазза надорад .

 

Барчасп