Нишасти сафирони Эрон дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс бо вазири умури хориҷаи Эрон
(last modified 2024-08-28T07:46:21+00:00 )
Август 28, 2024 12:46 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сафирони Эрон дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс бо вазири умури хориҷаи Эрон

Ҷамъе аз сафирон ва раисони намояндагиҳои Эрон дар ҳавзаи Халиҷи Форс бо Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва дар хусӯси равобити дуҷониба ва масоили минтақа гуфтугу карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин дидор, ки дирӯз сешанбе анҷом шуда, сафирон ва руасои намояндагиҳои Эрон дар ҳавзаи Халиҷи Форс зимни ироаи гузорише аз маҳали маъмурияти худ, охирин таҳаввулоти равобит бо кишварҳои минтақа ва маҳали маъмуриятро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.