7 . 5 миллион зоир дар даҳаи поёнии моҳи "Сафар" ба Машҳад меоянд
(last modified 2024-09-02T12:10:36+00:00 )
Сентябр 02, 2024 17:10 Asia/Dushanbe
  • 7 . 5 миллион зоир дар даҳаи поёнии сафар ба Машҳади Эрон меоянд
    7 . 5 миллион зоир дар даҳаи поёнии сафар ба Машҳади Эрон меоянд

Порс Тудей - Устондори Хуросони Разавии Эрон аз пешибинии вурӯди 7 . 5 миллион зоир ба Машҳад дар айёми охири моҳи сафар ( 25 август то 4 сентябр ) хабар дод .

Рӯзи 30 сафари солрӯзи шаҳодати Имом Ризо алайҳиссалом , имоми ҳаштуми шиъаёни ҷаҳон ва аз аҳлубайти паёмбар аст . Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризои алайҳиссалом дар Машҳад , шимоли шарқи Эрон қарор дорад ва миллионҳо зоир ҳар сола барои зиёрат ба ин шаҳр сафар мекунанд . Ба гузориши Порс Тудей , « Яқубалии Назарӣ » устондори Хуросони Разавии Эрон гуфт : Соли гузашта дар ин айём , мо 6 миллиону 200 ҳазор зоирро пазироӣ кардем ва баровард инаст имсол бо ҳудӯди 15 то 20 дарсади афзоиш ба ҳудӯди 7 миллиону  500 ҳазор зоир бирасад .

Назарӣ бо баёни инки аз 25 август токунӯн 2 миллион зоир вориди Машҳад шудаанд афзӯд : Пешбинӣ мешавад 400 то 500 ҳазор зоир бо пои пиёда ба Машҳад сафар кунанд.

Гуфтанӣ аст , ҳазрати Имом Ризо алайҳиссалом дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарии тавассути Халифаи Аббосӣ ба шаҳодати расиданд . Даврони ҳаёту имомати ҳазрати Имом Ризои алайҳиссалом , даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳлубайти паёмбар ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳлубайт ва исмату таҳорат ( а ) буд .

Барчасп