Таъкиди дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бар афзоиши тарҳҳои ҳамлунақлии Эрону Русия
(last modified 2024-09-17T08:17:14+00:00 )
Сентябр 17, 2024 13:17 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Эрону Русия
    Баррасии ҳамкории Эрону Русия

Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон бар иҷрои тарҳҳои ҳамлунақлӣ ва каридори байни Эрону Русия дар масирҳои мутааддид ва афзоиши зарфияти ин каридорҳо ва ба ҳаддиаксаррасонии баҳрабардорӣ аз ин зарфиятҳо таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон дар дидори Игор Лютин, намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури каридорҳо бо ибрози хурсандӣ аз пешрафтҳои анҷомшуда дар муносиботи дуҷониба, иҷрои тарҳҳои ҳамлунақлӣ ва каридори байни ду кишвар дар масирҳои зиёд ва афзоиши зарфияти ин каридорҳо ва ба ҳаддиаксаррасонии баҳрабардорӣ аз ин зарфиятҳоро хостор шуд.

Пеш аз ин раиси ҷумҳурии Русия дар дидори дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ҳошияи нишасти амниятии БРИКС дар Санкт-Петербург, аз густариши масири мувосилотии Русия бо Эрон ҳимоят карда буд.

Ҳамчунин дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дар ҳошияи иҷлоси мақомоти олирутбаи гуруҳи БРИКС дар Санкт-Петербург гуфт, Русия бар тавофуқоти пешин бо Теҳрон пойбанд аст ва сиёсати Маскав дар ин замина ҳеҷ гуна тағйире накардааст.

Пас аз музокироти роҳбурдии дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ бо раиси ҷумҳурӣ ва дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дар ҳавзаҳои мухталифи мавриди алоқаи байни ду кишвар, Игор Лютин, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури каридорҳо бо ҳадафи пайгирии тавофуқоти анҷомшуда дар сафар ба Теҳрон, илова бар дидор бо вазирони роҳ, маскан ва шаҳрсозиву иқтисод, бо Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дидор кард.

 

Барчасп