Вокуниши сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба тероризми соибирии Исроил: ин як таҳдид ҷаҳони аст
(last modified 2024-09-19T04:33:25+00:00 )
Сентябр 19, 2024 09:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба тероризми соибирии Исроил: ин як таҳдид ҷаҳони аст
    Вокуниши сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба тероризми соибирии Исроил: ин як таҳдид ҷаҳони аст

Бурунмарзи-сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрони иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ҳадафи қарор додани шаҳрвандони лубнонӣ аз тариқи мунфаҷир кардани системаҳои иртиботиро мисдоқи куштори ҷамъӣ донист.

Носири Канъони сухангуи Вазорати умури хориҷа Эрон гуфт: амалиёти террористи дар Лубнон дар идомаи амалиётҳои таркибии режими саҳюнистӣ ва авомили муздури онҳо анҷом шуд ва муғойир бо тамоми усули ахлоқӣ ва инсонӣ, ҳуқуқи байни алмилалӣ бавижа ҳуқуқи байналмилали башардӯстона буда ва мустуҷиби пайгарди кайфарии байналмилалӣ, муҳокима ва муҷозот аст.

Ба гузориши Порс тудӣ, Канъонии афзуд: ин иқдоми террористии таркибӣ, ки дар ҳақиқат ба навъе иқдом ба куштори даста ҷамъӣ аст бори дигар ба равшани исбот мекунад ки режими саҳюнистӣ илова бар иртикоби ҷиноёти ҷангӣ ва наслкуши алайҳи мардуми Фаластин, сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалиро дар маърази таҳдидии ҷаддии қарор дода аст .

Вай тасреҳ кард: бар ин асос, муқобила бо иқдомоти террористи алайҳи режим ва таҳдидоти ношӣ аз он зарурати ошкор аст ва лозим аст ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ростои муқобила бо бе кайфармонии мақомоти ҷинояткори саҳюнистӣ, сареъан иқдом кунад .

Дар ҳамин ҳол; Амир Саиди Ереванӣ сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал бо маҳкумияти иқдоми террористи соӣбирии Исроил дар Лубнон гуфт: режими Исроил бояд барои ин таҷовуз ва ҷинояти фаҷеъи посухгу бошад .

Расонаҳо асри сешанбе аз мунфаҷир шудани чанд дастгоҳи иртиботӣ дар чанд минтақаи Лубнон хабар доданд .

Барасоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон дар ин иқдоми террористӣ, 2 ҳазору 750 нафар захмӣ ва 11 тан низ ба шаҳодат расиданд.