Дидори масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва меҳмонони конфронси Ваҳдат бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
(last modified 2024-09-21T16:31:11+00:00 )
Сентябр 21, 2024 21:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва меҳмонони конфронси Ваҳдат бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Ҳамзамон бо хуҷастасолрузи мелоди Паёмбари аъзам, ҳазрати Муҳаммад(с) ва Имом Содиқ(а), ҷамъе аз масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва меҳмонони 38-мин конфронси Ваҳдат дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ(ра) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

 17 рабеъулаввали соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 21 сентябри 2024 , солрузи мелоди хуҷастаи ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)- Паёмбари гиромии Ислом ва солрузи мелоди пурбаракати ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а)-набераи поки Паёмбар(с) аст.

Бар асоси таърихи аҳли тасаннун, 12 рабеъулаввал мусодиф бо мелоди Паёмбари гиромии ислом (с) аст ва шиъён низ 17 рабеъулаввалро мелоди Расули Худо медонанд.

 Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Садо ва Симо, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва меҳмонони конфронси Ваҳдат гуфтанд: Шояд яке аз бузургтарин дарсҳои набавӣ барои мо, умматсозӣ ва ташкили уммати исломӣ аст; Мо имрӯз уммати исломӣ надорем ва ниёзманди он ҳастем.

 Ишон афзуданд: Муборизоти 13 солаи Макка ба ҳиҷрати Пайғамбар оварда расонд, ки уммати исломиро поягузорӣ кард ва бо муҷоҳидатҳо, муборизаҳо ва фидокориҳо уммати исломӣ таҳким шуд ва ин уммат пойдор монд. Албатта беҳтар аз он ҳам метавонист идора шавад, аммо уммати исломӣ ба унвони уимате, ки бинояшро Пайғамбари Акрам дар Мадина бо ҷамъияти маҳдуд гузошта буд, боқӣ монд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Ҷиноятҳое, ки режими саҳюнистӣ ба маънои воқеии калима бидуни шарм ва бидуни пинҳонкорӣ дар Ғазза, Каронаи бохтарӣ, Лубнон ва Сурия анҷом медиҳад, бубинед; тарафи муқобили онҳо марди ҷангӣ нест, балки қишрҳои гуногуни мардум ҳастанд. Дар Фаластин натавонистанд ба мардони ҷангӣ зарбае ворид кунанд ва хашми ҷоҳилона ва хабосатолуди худро сари бачаҳои кӯчак ва беморони бемористонҳо ва мадориси фарзандони наврасида холӣ карданд.

 Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд: Мо аз қудрати даруни худамон истифода намекунем, ки ин иттифоқот меуфтад; бояд аз қудрати даруни худамон истифода кунем, ки метавонад режими саҳюнистӣ, ин ғуддаи саратонии хабисро аз қалби ҷомеаи исломӣ, яъне Фаластин бардорад ва нуфуз, тасаллут ва дахолати зӯргуёнаи Америкоро дар ин минтақа аз байн бибарад.