Пизишкиён: Эрон ба дунболи расидан ба забону нигоҳи муштарак барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳост
(last modified 2024-09-24T09:23:59+00:00 )
Сентябр 24, 2024 14:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори Пизишкиён бо Шарл Мишел
    Дидори Пизишкиён бо Шарл Мишел

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, давлати Эрон ба дунболи расидан ба як забону нигоҳи муштарак барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо дар арсаҳои мухталиф дар ҷиҳати пешрафти мутақобил аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидори Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, дар ҳошияи ҳафтодунуҳумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо таъкид бар ин ки имрӯз дунё бештар аз ҳар замони дигаре ба гуфтугӯ ва таомул ниёз дорад то забони зӯру таҳдид, гуфт: Дурӣ ва надоштани таомул зеҳниятҳое эҷод мекунад, ки бистари сӯитафоҳумҳо ва ташдиди ихтилофот мешаванд, аммо гуфтугӯи бевосита ва таомул беҳтар метавонад матолибро мунъакис ва мунтақил кунад.

Пизишкиён ҳамчунин идомаи ташдиди ҷиноёти режими саҳюнистиро ҷиддитарин нигаронии имрӯзи минтақа ва ҷаҳон донист ва бо ташреҳи илали вуқуъи амалиёти “Тӯфони Алақсо” дар ҳафтуми октябри соли гузашта гуфт, кадоми қоидаву чорчӯби ҳуқуқии байналмилалӣ ба як режим ба сирф бархӯрдорӣ аз зӯр иҷоза дода, ки занону кӯдакону мардуми бегуноҳ ва бедифоъро дар бемористон, мактаб ва паноҳгоҳҳо бомбаборон кунад?!

Пизишкиён дар идома бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргиз мушаки боллистик ба Русия надода ва дар ҷанги миёни Русияву Украина низ сирфан ба дунболи таваққуфи даргириҳову барқарории сулҳ аст, афзуд: Дар заминаи масъалаи ҳастаӣ низ Ҷумҳурии исломии Эрон иродаи худро барои ҳалли масъала нишон додаву имрӯз низ омодаи музокираву талош барои ҳалли масъала аст.

Шарл Мишел низ бо ишора ба вазъияти имрӯзи минтақаву ҷаҳон, дархости аслии Иттиҳоди Аврупо аз Ҷумҳурии исломии Эронро гуфтугӯҳои ҷиддӣ дар бораи масоили дуҷониба унвон карду афзуд, Аврупо хоҳони нақшофаринии созандаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар масъалаи Фаластин, даргириҳои Украина ва ҳусули тавофуқ дар бораи масъалаи ҳастаӣ аст.

Раиси Шӯрои Аврупо афзуд, Иттиҳоди Аврупо бар барқарории оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза таъкид доштаву мавозеи равшане дар бораи истифои ҳуқуқи фаластиниён барои ташкили як давлати мустақил дорад.

 

Барчасп