Насруллоҳ як мактаб буд; заработ бар пайкари фарсудаи режими саҳюнистӣ кубандатар хоҳад шуд
(last modified 2024-09-29T04:23:17+00:00 )
Сентябр 29, 2024 09:23 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ: Насруллоҳ як мактаби буд; заработ бар пайкари фарсудаи режими саҳюнистӣ кубандатар хоҳад шуд
    Имом Хоманаӣ: Насруллоҳ як мактаби буд; заработ бар пайкари фарсудаи режими саҳюнистӣ кубандатар хоҳад шуд

Порси Тудеӣ-имоми Хоманаӣ дар паёми ба муносибати шаҳодати муҷоҳиди кабир ва парчамдори муқовимат, Сайид Ҳасан Насруллоҳ зимни табрик ва таслияти шаҳодати раҳбари камназири Ҳизбуллоҳ ба саросари ҷабҳаи муқовимат ва уммати исломӣ ва эъломи панҷ руз азои умумӣ дар Эрон, таъкид карданд: Сайиди муқовимат, як шахс набуд, як роҳ ва як мактаб буд ва ин роҳ ҳамчунон идома хоҳад ёфт.

Ба гузориши Порс тудеӣ, матни паёми имоми Хоманаӣ раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст :

Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим

انا للّه و انا الیه راجعون

Миллати азизи Эрон

Уммати бузурги исломӣ

Муҷоҳиди кабир, парчамдори муқовимат дар минтақа, олими бофазилати динӣ ва раҳбари мудаббири сиёсӣ, ҷаноби Сайид Ҳасан Насруллоҳ ризвонуллоҳи алайҳ, дар ҳаводиси ҷумъаи шаби Лубнон ба файзи шаҳодат ноил омад ва ба малакут парвоз кард. Сайиди азизи муқовимат подоши даҳҳо соли ҷиҳоди фисибилиллоҳ душвориҳои онро дар хилоли як пайкор муқаддас дарёфт кард. Дар ҳоли шаҳид шуд ки саргарми тарроҳӣ барои дифо аз мардуми бепаноҳи зоҳияи Бейрут ва хонаҳои вайроншуда ва азизони паркашидаи онҳо буд, ҳамчинонкии даҳҳо сол барои дифо аз мардуми ситамдидаи Фаластин ва шаҳру рустои ғасб шуда ва хонаҳои тахрибшуда ва азизони қатлиом шудаи онҳо тарроҳи ва тадбир ва ҷиҳод карда буд. Файзи шаҳодат пас аз инҳама муҷоҳидат ҳаққи мусаллам у буд .

Дунёии ислом, шахсияти боазиматро ва ҷабҳаи муқовимати прчмдории барҷастаро ва Ҳизбуллоҳи Лубнони раҳбари камназирро аз даст дод, вале баракоти тадбир ва ҷиҳоди чанд даҳасолаи  у ҳаргиз аз даст нахоҳад рафт. Асосе ки у дар Лубнон поягузори кард ва ба дигар марокизи муқовимат, ҷиҳат бахшед бо фиқдон у натанҳо аз миён нахоҳад рафт, ки ба баракати хуни у ва дигари шаҳидони ин ҳодисаи истеҳкоми бештар хоҳад ёфт. Заработи ҷабҳаи муқовимат бар пайкари фарсуда ва ру ба заволи режими саҳюнистӣ, ба ҳавлуқувваи Илоҳи кубандатар хоҳад шуд. Зоти палиди режими саҳюнистӣ дар ин ҳодиса ба пирузӣ даст наёфта аст .

Сайиди муқовимат, як шахс набуд, як роҳ ва як мактаб буд, ва ин роҳ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Хуни шаҳиди Сайид Аббоси Мусавӣ бар замин намонад, хуни шаҳиди Сайид Ҳасан ҳам бар замин нахоҳад монад .

Инҷониб ба падари бузургвор ва ҳамсари гиромии Сайиди азиз ки пеш аз ва фарзандаш Сайиди Ҳодиро низ дар роҳ Худо дода, ва ба фарзандони гиромияш ва ба хониводаҳои шаҳидони ин ҳодиса ва ба якояки афроди Ҳизбуллоҳ ва ба мардуми азиз ва мақомоти олияи Лубнон ва ба саросари ҷабҳаи муқовимат ва ба маҷмуи уммати исломӣ, шаҳодати Насруллоҳи бузург ва ёрони шаҳидашро табрику таслият арз мекунам ва дар Эрони исломӣ панҷ руз азои умуми эълом менамоям. Худованд онҳоро бо авлиёаш маҳшур фармояд .

Вассалому ала ибодуллоҳи алсолҳин

Сайид Алии Хоманаӣ

7 меҳри 1403

Барчасп