Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел: Шароити кӯдакони Ғазза монанди вазъияти Ҷопон баъд аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум аст
(last modified 2024-10-12T06:36:13+00:00 )
Октябр 12, 2024 11:36 Asia/Dushanbe
  • Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел: Шароити кӯдакони Ғазза монанди вазъияти Ҷопон  баъд аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум аст

Гурӯҳи " Ниҳон Ҳиданкё" барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел-2024 эълом кард, вазъияти кӯдакон дар борикаи Ғазза, мушобеҳи вазъияти кӯдакони Ҷопон дар поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум аст.

Гурӯҳи " Ниҳон Ҳиданкё", ки дар соли 1956 тавассути бозмондагони бомбаборонҳои атомии Ҳирушимо ва Нагасаки таъсис шуд, ба далели талошҳои худ барои дастёбӣ ба ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ ва нишон додани хатарҳои истифода аз ин силоҳҳо, барандаи ҷоизаи Нобел шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Томоюки Минумаки аз раисони гурӯҳи зидди ҳастаии "Ниҳон Ҳиданкё" , ки дар соли 2024, ки ба хотири талошҳояш барои ҷаҳони бидуни силоҳҳои ҳастаӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобул шуд, бо баёни инки шароити кӯдакони Ғазза монанди вазъияти Ҷопони 80 сол пеш аст; дар Ғазза кӯдакон дар хун нигаҳ дошта мешаванд, бо чашмони ашкбор гуфт, "Ҳаргиз тасаввур намекардааст, ки чунин иттифоқе барои башарият рух диҳад."

 Дафтари иттилоърсонии давлати Фаластин дар борикаи Ғазза эълом кард, аз ибтидои ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 то кунун ҳудуди 17 ҳазор кӯдак дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

 Режими Исроил бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри 2023 ҷанги вайронгареро зидди борикаи Ғазза ба роҳ андохтааст, ки бар асари он, афзӯн бар вайрониҳои азим ва қаҳтии маргбор беш аз ҳазорон фаластиние, ки бештари онҳо зан ва кӯдак ҳастанд, шаҳид ва захмӣ шудаанд.

 

Барчасп