6 маворид аз бузургтарин дурӯғҳо ва иттиҳомоте дар бораи шиаён дар ҷаҳони аҳли суннат
(last modified 2024-10-05T08:21:25+00:00 )
Октябр 05, 2024 13:21 Asia/Dushanbe
  • 6 маворид аз бузургтарин дурӯғҳо ва иттиҳомоте дар бораи шиаён дар ҷаҳони аҳли суннат
    6 маворид аз бузургтарин дурӯғҳо ва иттиҳомоте дар бораи шиаён дар ҷаҳони аҳли суннат

Бархе аз ифротгароён, шиаёнро ба бидъатгузорӣ дар Ислом муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле, ки шиа ба усули асосии Ислом монанди тавҳид, нубуват ва маъод муътақид аст.

Дар тӯли таърих, бархе ихтилофоти мазҳаби миёни шиа ва суннӣ боис шуда то тафсирҳои нодуруст ва шойеоти нодурурст дар хусуси эътиқодоти шиа дар миёни аҳли суннат пахш шавад. Ин суитафоҳумҳо ва дурӯғҳо дар таърих умдатан аз сӯйи гурӯҳҳои ифротӣ матраҳ шуда ва бозтоб диҳандаи нигариши кули аҳли суннат нест. Дар ду қарни ҳозир ба вижа дар асри қуватгирии расона, истеъмор аммо бозигари калиди дар ин миён шуд ва тавонист бо пумпожи анбуҳи шойеот ҳисси нафратро нисбат ба шиаён дар ҷавомеъи аҳли суннат доман занад. Амре,ки бо зуҳӯри ҷараёнҳои такфирӣ бештар шуд. Дар идомаи матлабе аз Порс Тудей, ба шаш маворид аз бузургтарин дурӯғҳо ва иттиҳомоте, ки алайҳи шиаён матраҳ шуда, пардохта мешавад:

1 . Таҳрифи Қуръон : Яке аз ҷаддитарин иттиҳомоте, ки ба шиаён зада мешавад , бовар ба таҳриф Қуръонаст . Ин иддаои комилан нодурустаст ; шиаёни ҳамонанди аҳли суннат , Қуръони мавҷӯдро каломи Худованд ва бидӯни ҳаргуна тағйир медонанд ва ба он пойбанд ҳастанд . Ақида ба таҳрифи Қуръон дар миёни шиаён ҷое надораду кутуби муътабари шиа низ бар ин масаъла таъкид доранд . Дар Эрон дақиқан ҳамон Қуръоне дар дасти ҳамаи мардум ва дар масоҷид вуҷӯд дорад ки дар дасти мардуми Арабистон ва Мисру Индонезия ва Алҷазоир аст . Ҳатто бисёре аз кутуби Қуръони воридотӣ аз кишварҳои аҳли суннат ҳастанд . Ҳатто як калимаи ҳам тафовут вуҷӯд надорад , ҳатто як ҳарф !

2 . Ғулув (берун рафтан аз миёнаравӣ дар дин ва зиёдаравӣ дар ҳаққи паёмбарон ва имомон аст) дар бораи имомон : Иттиҳоми дигаре, ки ба шиаён нисбат дода мешавад инаст ки онҳо дар мавриди аҳли байти Паёмбар , ба вижаи Имом Алӣ ( а ) ва дигар имомон аз насли Паёмбар , ғулув мекунанд ва онҳоро дар ҳадди алваҳият мепиндоранд . Ин сӯъи бардошти ношӣ аз адами дараки саҳеҳи мафҳум “ вилоят “ ва ҷойгоҳи имомон дар эътиқодоти шиааст . Инки имом василаи ҳидоятгар ва муфассирӣ ба сӯйи ваҳй аст ки Паёмбар овардааст . Шиаён аҳли байтро инсонҳои маъсӯм ва поки тибқи ояи 33 сӯраи аҳзоб яъне  «إِنَّمَا یُرِیدُ اللَّهُ لِیُذْهِبَ عَنْکُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَیْتِ وَیُطَهِّرَکُمْ تَطْهِیرًا؛ ‌« Эй аҳли байт , Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад » медонанд , аммо ҳаргиз ононро ба унвони Худо ё мавҷӯдоти илоҳӣ намепарастанд . Ин дурӯғи мутлақан дар бовари шиъан нест . Имомон тамомии аҳодисро аз Паёмбари ислом нақл мекунанд .

3 . Бидъат дар дини ислом : Бархе аз ифротгароён , шиаёнро ба бидъатгузорӣ дар ислом муттаҳам мекунанд . Дар ҳоле ки шиа ба усӯли асосии ислом монанди тавҳид , нубувват ва маъод муътақид аст ва танҳо дар бархе масоили фиқҳӣ ва аҳкомӣ , бо аҳли суннат ихтилофи назар дорад . Ин ихтилофоти фиқҳӣ ношӣ аз иҷтиҳоди уламоӣ шиааст ва ба маъноӣ афзудани бидъат ба дин нест .

4 . Тавассул ба ғайри Худо : Тавассул дар мазҳаби шиа ба маънои воситаи қарор додани Паёмбари ислом ( с ) ва имомони маъсӯм ( а ) ва авлиёи ҳақ барои наздикӣ ба Худовандаст . Шиаён муътақиданд ки тавассул ба аҳли байт на ба маънои парастиши онҳо , балки барои талаби шафоат ва дуъо аз касоне аст, ки назди худованд муқарраб ҳастанд . Ин амал реша дар Қуръон дорад , ҷое ки Худованд мефармоед :  «یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَابْتَغُوا إِلَیْهِ الْوَسِیلَةَ» (سوره مائده، آیه 35)،  , яъне “ Эй касоне ки имон овардаед ! аз Худо парво кунед ва василае барои наздикӣ ба ӯ биҷуед . “ Ҳамчунин дар Қуръон ба моҷарои тавассули фарзандони ҳазрати Яқуб ба падарашони ишора шудааст , ҷое ки онҳо аз Яқуб ( а ) мехоҳанд барои омурзиши гуноҳонашон аз Худо талаб бахшиш кунад : «قَالُوا یَا أَبَانَا اسْتَغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا إِنَّا کُنَّا خَاطِئِینَ» (سوره یوسف، آیه 97).  Ин мисолҳо нишон медиҳад ки тавассул , на танҳо дар суннати шиа , балки дар мутуни муқаддас ва таърихи паёмбарон низ ҷойгоҳӣ машрӯъ дорад ва василае барои тақарруб ба Худованд аст .

5 . Душманӣ ва  тавҳин ба саҳобаи Паёмбар : Яке аз роиҷтарин иттиҳомоти алайҳи шиаён ин аст ки онҳо саҳобаи Паёмбар ( с )-ро душман мепиндоранд ва ба онон беэҳтиромӣ мекунанд . Ин дурӯғ низ як ҷараёни иттиҳомзании муътамидона ҳаст . Дар воқеъ , шиа муътақид аст ду дастаи куллӣ пас аз Паёмбар дар миёни саҳоба пайдо шуд . Як дастаи онҳо ки комилан вафодор монданд ва дастаи дигари онҳо ки дар бархе умӯр аз сӯйи худ тасмим гирифтанд . Шиаён ба бархе рафторҳои дастаи дувум нақд доранд , аммо ҳамонгуна ки уламои шиа аз қадим то ҷадид ҳамчун Имом Хумайнӣ ва Имом Хоманаӣ гуфтаанд ҳаргуна иҳонат ба дастаи дувум низ ҳаром аст . Албата набояд инкор кард ки гоҳи ҷараёни мунҳариф ё ҷоҳил ба номи шиа дар ҷаласае иҳонат карда ва душманони иттиҳоди шиъа ва суннӣ бо тавзеъи расонаӣ як иҳонати онро ба тамомии шиаён нисбат медиҳанд . Аз манзари тамомии мароҷеъи тақлиди шиа  ва уламои шиа иҳонат ба саҳоба раво нест .

6 . Иҳонат ба занони Паёмбар ( с ) : Яке аз иттиҳомоти нодуруст ва шойеаи дигар ин аст, ки шиаён ба занони Паёмбар беэҳтиромӣ мекунанд ва тӯҳматҳое ба онҳо ворид мекунанд . Дар ҳоле ки шиа ба мақоми ҳамсарони Паёмбар эҳтиром қоил аст ва ҳеҷ гоҳ ин гӯна тӯҳматҳоро дар ақоиди худ ҷой намедиҳад . Ихтилоф дар тафсири бархе вақоёи торихӣ ҳаргиз ба маънои беэҳтиромӣ ба шахсият ва мақоми занони Паёмбар дар ақоиди шиа нест . Аз манзари тамоми шиаён ва мубтанӣ бар Қуръон , ҳамсарони Паёмбар «Уммул муъминин » ҳастанд .

Ниҳоят инки , ин иттиҳомот ва шойеоти бештар аз сӯйи гуруҳҳои фитнаандози расонаӣ ва ифротӣ матраҳ шудаанд ва бисёре аз аҳли суннат ба чунин боварҳое эътиқодӣ надоранд .

Барчасп