Эҳтимоли посухи бесару садои Теҳрон алайҳи ҳамлаи Исроил ба бемористони саҳроии Ҳилоли Аҳмар
(last modified 2024-10-13T04:42:58+00:00 )
Октябр 13, 2024 09:42 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли посухи бесару садои Теҳрон алайҳи ҳамлаи Исроил ба бемористони саҳроии Ҳилоли Аҳмар

Порс тудей - Мақомоти эронӣ бо маҳкӯм кардани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони саҳроӣ ва анбори кумакҳои башардӯстонаи Эрон дар марзи Сурия ва Лубнон, ин ҷиноятро нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ баршумурданд.

Пирҳусайни Куливанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон рӯзи ҷумъа аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони саҳроии 56 тахти хобии ин ҷамъият дар марзи Сурия ва Лубнон хабар дод, ки албатта осеби инсонӣ надошт.

Ба гузориши Порс тудей, Куливанд бо маҳкӯм кардани ин ҳамлаи террористӣ тасреҳ кард: Ин иқдоми Исроил нақзи сариҳи қавонини байналмилали ҳуқуқи башардӯстона дар мамнуияти ҳамла ба марокизи дармонӣ ва имдодӣ аст.

Амир Саиди Ереванӣ, намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид низ дар номае ба Паскал Кристиан, раиси Шӯрои амният ва Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал таъкид кард: Ҳадаф қарор додани амдии таъсисоти башардӯстона ва пизишкӣ нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилали башардӯстона аст.

Вай афзуд: Ин таъсисоти башардӯстона тавассути Ҳилоли Аҳмари Эрон, сирфан барои ироаи кумакҳои ҳаётӣ ба ғайринизомиёни овораи лубнонӣ ва қурбониёни таҷовузи бевақфа ва ваҳшиёнаи режими Исроил таъсис шуда буд ва ба унвони роҳи наҷоти ҳаётӣ барои касоне, ки аз чунин ҷиноёте ранҷ мебаранд, амал мекард.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ҳам ҳамалоти мукаррари режими ишғолгар ба бемористонҳо ва марокизи дармонӣ ва имдодӣ дар Ғазза, Лубнону Сурияро нишонаи равшане аз туғёни ин режим алайҳи ҳамаи қавоиду ҳанҷорҳои байналмилалӣ донисту хостори вокуниши сариҳи ниҳодҳои зисалоҳи байналмилалӣ, аз ҷумлаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва маҳкӯмияти иқдомоти режими саҳюнистӣ ба унвони ҷинояти ҷангӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, Козим Ғарибободӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо интишори паёме дар фазои маҷозӣ навишт: Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия ба ҳамроҳи анбори дору ва оташ задани он зимни эҷоди монеи ҷиддӣ дар таъмини хадамоти башардӯстона, ҷинояти ҷангӣ маҳсӯб мешавад.

Аз сӯи дигар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Англия низ дар вокуниш ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба бемористони саҳроии Эрон дар марзи Сурия ва Лубнон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Барои касоне, ки дар баробари ин ҷиноёт сукут кардаанд муҳим аст, ки ба хотир дошта бошанд, ки бемористон ба манзури муроқибат аз маҷрӯҳон эҳдос шудааст.

Дар ин замина бархе таҳлилгарони эронӣ муътақиданд, ки Исроил бо ин иқдом хатои тактикӣ муртакиб шудааст ва эҳтимоли талофии Эрон бидуни сару садои расонаӣ вуҷӯд дорад.

 

Барчасп