Ҷасорати эронӣ: Ҳайрату тамҷиди расонаҳову фаъолони маҷозӣ аз иқдоми беназири раиси порлумони Эрон + ВИДЕО
(last modified 2024-10-15T07:51:42+00:00 )
Октябр 15, 2024 12:51 Asia/Dushanbe

Расонаҳои мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ сафари раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба Лубнон дар миёнаи ҳамалоти шадиди режими саҳюнистиро иқдоме шуҷоона ва беназир хонданд.

Иқдоми ҷасуронаи Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ҳидояти ҳавопаймои худ дар масири Лубнон ва фурӯд дар Бейрут, он ҳам дар авҷи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба ин кишвар, боис шуд тавваҷуҳи таҳлилгарону расонаҳои байналмилалӣ ба шуҷоати мақомоти эронӣ муқобили таҳдидоти Тел-Авив ҷалб шавад.

Ба гузориши “Порс-тудей”, илова бар расонаҳо, бисёре аз корбарони арабзабон дар фазои маҷозӣ ба тамҷид аз ин сафари Муҳаммадбоқири Қолибоф ва ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аз Лубнон пардохтанд.

 

Барчасп