Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон: Ҷазоири сегона мутааллиқ ба Эрон аст
(last modified Wed, 23 Oct 2024 05:17:05 GMT )
Октябр 23, 2024 10:17 Asia/Dushanbe
  • Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон: Ҷазоири сегона мутааллиқ ба Эрон аст

Саҳоб - Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи иддаои моликияти Иморот бар ҷазоири сегона, гуфт: Ҳама медонанд, ки ин ҷазоир мутааллиқ ба Эрон аст ва Ҷумҳурии исломӣ дар бораи ин ҷазоир ба ҳеҷ ваҷҳ кӯтоҳ намеояд.

Ҷазоири се гонаи Бу-Мусо, Тунби Бузург ва Тунби Кучак дар Халиҷи Форс ва дар наздикии Тангаи Ҳурмуз қарор дорад, ки бар асоси асноди таърихии мутқан аз давраи Ҳахоманишиён таҳти ҳокимияти Эрон будаанд вва ҷузъи ҷудоинопазир аз сарзамини Эрон башумор мераванд.

Ба тозагӣ Иттиҳодияи Аврупо ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс дар банди поёнии баёнияе муштарак, иддаоҳои беасосу пуштвонаи гузаштаро дар мавриди ҷазоири сегонаи эронӣ такрор карданд.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи иддаои Иморот дар бораи моликият бар ҷазоири сегонаи эронӣ афзуд, ҳама медонанд, ки ин ҷазоир мутааллиқ ба Эрон аст ва Ҷумҳурии исломӣ дар бораи ин ҷазоир ба ҳеҷ ваҷҳ кӯтоҳ намеояд.

 

Барчасп