Коҳиши масрафи об бо сомонаи ҳушманди Эронсохт
(last modified Fri, 01 Nov 2024 12:20:32 GMT )
Ноябр 01, 2024 17:20 Asia/Dushanbe
  •  Сомонаи ҳушманди эронии обёрии кишоварзӣ
    Сомонаи ҳушманди эронии обёрии кишоварзӣ

САҲОБ. Гуруҳе аз муҳандисони як ширкати донишбунёни Эрон сомонае бар асоси ҳуши маснуӣ ва додаҳои моҳвораӣ арза карданд, ки бо иҷрои он муҷиби афзоиши баҳраварӣ ва коҳиши масрафи об шудааст.

Меҳдии Қайсарӣ, раиси ҳайатмудираи ин ширкати донишбунёни Эрон гуфт: Тарҳи мудирияти обёрии кишоварзӣ бо ҳамкории Донишгоҳи санъатии Исфаҳон ва ҳимояти муовинати илмии раёсати ҷумҳурӣ амалӣ шудааст.

Меҳдии Қайсарӣ афзуд, ин сомона ба кишоварзон эълом мекунад, ки ба чӣ мизон обёрӣ ниёз доранд, дар кадом бахш аз замин ниёз ба обёрӣ аст ва чанд соат бояд обёрӣ сурат гираду баҳрагирӣ аз ин равиши ҳушманд барои кишоварзон дастовардҳое чун афзоиши тавлид, афзоиши баҳраварӣ ва коҳиши масрафи обро дар пай дорад.

Донишёри Донишгоҳи санъатии Исфаҳон бо баёни ин ки корбурди ин сомона муҷиби афзоиши суди кишоварзон мешавад, далели онро бениёзӣ ба зерсохт барои корбурдӣ кардани ин сомона дар заминҳо донисту гуфт: Замоне ки сомонае ниёз ба зерсохт надошта бошад, ҳар чӣ тавлид сурат гирад, барои корбар суд ба ҳамроҳ дорад, аз ин рӯ қимати тамомшудаи маҳсул низ коҳиш меёбад ва ҳамин сабаби иштиёқи кишоварзон барои корбурдӣ кардани ин сомона хоҳад шуд.

Қайсарӣ афзуд, расади замин ва мазореи кишоварзӣ аз сӯи ин сомона ҳамагӣ аз тариқи тасовир ва додаҳои моҳвораӣ ва ҳуши маснуӣ сурат мегирад.

 

Барчасп