Тафсир. Дастовардҳои фазоии ҷадиди Эрон - партоби моҳвораҳои “Ҳудҳуд”-у “Кавсар”
Муҳаққиқони яке аз ширкатҳои донишбунёни фазоии эронӣ бо тарроҳӣ ва сохти ду моҳвораи “Ҳудҳуд” ва “Кавсар” тавонистанд бомдоди рӯзи сешанбеи 5 ноябр ин ду моҳвораро бо муваффақият бо истифода аз моҳворабари “Союз”-и русӣ аз пойгоҳи “Восточний”-и Русия ба мадори 500 километрӣ фиристанд.
Ҳасани Солория, раиси Созмони фазоии Эрон баъд аз партоби моҳвораҳо эълом кард: Имсол байни 5 то 7 партоби дохиливу байналмилалӣ дорем, ки теъдоде аз онҳо бо истифода аз партобгарҳои “Симурғ” ва “Қоим” анҷом хоҳанд шуд.
Моҳвораҳои “Ҳудҳуд” ва “Кавсар”
Моҳвораи “Кавсар” нахустин маҳсули фазоии ширкати эронии “Умедфазо” аст, ки аз стандарти моҳвораҳои мукаабӣ пайравӣ мекунад, ки боиси коҳиши замону ҳазинаи фароянди сохт мешавад.
Ин моҳвора дорои умри мадории 3. 5 сол аст ва барои корбурдҳои кишоварзӣ, нақшабардорӣ ва ҳаднигорӣ муносиб аст. “Ҳудҳуд” низ як моҳвора бо стандарти моҳвораҳои мукаабӣ аст ва маъмурияти он эҷоди бистари ихтисосии ироаи хадамоти интернети ашёии байналмилалӣ аст. Вазни моҳвораи “Ҳудҳуд” чаҳор килограм ва баландии мадории он 500 километр аст ва умри мадории чаҳор сол дорад ва барои мақосиди кишоварзӣ, нақшабардорӣ ва муҳитизист мавриди истифода қарор мегирад.
Санъати фазоӣ дар зумраи саноеъи дорои фанноварии пешрафта маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳои эъмолӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон ба чархаи комили фанноварии фазоӣ даст ёфта ва дар чаҳор даҳаи гузашта гомҳои пайваставу рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст.
Акнун Эрон дар байни 10 кишвари фазоии ҷаҳон қарор дорад, ки ин амр ҳосилу самараи беш аз 4 даҳа талошу муҷоҳидати мутахассисони ин сарзамин буда ва ба ҳамин далел Эрон аз ҷойгоҳе қобили иттико дар ин санъат байни кишварҳои андаки соҳиби ин фанноварӣ бархӯрдор аст.
Ҳарчанд душманон бо анвои таҳримҳо саъй кардаанд монеъ аз пешрафтҳои иқтисодиву илмӣ, аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳову фишорҳо, Ҷумҳурии исломии Эрон ба анвои фанновариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияте бузург барои Эрони исломӣ донист.
Асосан тафовути барномаи фазоии Эрон бо соири кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё ин аст, ки Эрон бар тавони дохилии худ устувор буда ва аз фанноварии бумиву дохилии худ баҳра ҷустааст.
Бо тавваҷуҳ ба нақши муҳими моҳвораҳо дар асри кунунӣ дар ҳамаи арсаҳо, азҷумла мухобиротиву иртибототӣ, иктишофӣ, таҷассусӣ ва зистмуҳитӣ ва бисёре корбурдҳои дигар, Ҷумҳурии исломии Эрон азми ҷиддӣ барои тавсеаи зерсохтҳову фанноварии мушакиву фазоии худ дорад ва дар ин росто ба пешрафтҳои азиме даст ёфтааст.