Вокуниши Эрон ба ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза
(last modified Thu, 21 Nov 2024 06:33:47 GMT )
Ноябр 21, 2024 11:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза
    Вокуниши Эрон ба ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза

Сухангуи Вазорати умри хориҷаи Эрон бо судури паёме дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ветои муҷаддади қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои оташбаси Ғазза тавассути Амрикоро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар саҳифаи шахсиаш дар фазои маҷозӣ навишт: 

Image Caption

Ба рағми мутолибаи қотеъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи # насл_кушӣ ва ҳимояти 14 кишвар аз пеш нависи қатъномаи оташибас , давлати Демокроти ҳоким бар # Амрико монеъи тасвиби ин қатънома шуд ва бадин тартиб ба ҳамдастии 13 моҳаи худ дар наслкушӣ # Ғазза идома дод , ӯ нишон дод, ки на ҳеҷ арзишӣ барои ҷони бегуноҳон қоил аст ва на аҳамияти барои сулҳу суботи минтақа .

Ин ветои бешармона на танҳо шикасти дигаре барои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар иҷрои вазоифаши тибқи маншур маҳсӯб мешавад балки муҷаввизе, аст ки тавассути Амрико барои идомаи куштор дар Ғазза ва # Лубнон ба Исроил эҳдо мешавад .

Ин вето дар воқеъ ба манзалаи нақзи фоҳиши асли бунёдини ҳуқуқи байналмилали мабнӣ бар “ риоят ва итминон аз риояти ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ “ ва низ мафоди канвонсиюни пешгирӣ ва муҷозоти насликушӣ аст .

Инҳо мустаҳақи масъулияти байналмилалии давлати Амрико ба хотири мушорикату ҳамдастӣ дар иртикоби ҷиноёти шани аст .

Image Caption