Намояндаи Эрон дар СММ: Иттиҳомоти зиддиэронии Амрико ва Англия беасос аст
(last modified Sat, 23 Nov 2024 05:32:41 GMT )
Ноябр 23, 2024 10:32 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар СММ: Иттиҳомоти зиддиэронии Амрико ва Англия беасос аст

Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид иттиҳомоти зиддиэронии Амрико ва Англия мабнӣ бар бесуботсозӣ дар минтақа ва низ даргириҳо дар Украинаро рад кард ва онро беасос хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  Амир Саъиди Ереванӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал рӯзи ҷумъа дар номае ба Барбара Вудворд, раиси давраии Шӯрои амнияти Созмони милал эълом кард: Амрико ва Англия наметавонанд худро дар ҳоле, ки заминасози ҷиноёти режими Исроил ҳастанд, аз масъулият мубарро кунанд, зеро ҳимояти беқайду шарти онҳо аз Тел Авив ба тадовуми даргириҳо доман зада ва маъмурияти Шӯрои амният барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалиро тазъиф мекунад.

Ереванӣ бо баёни инки Амрико ба ҷои тарвиҷи сулҳу амният, Шӯрои амниятро фалаҷ карда ва ба режими Исроил муҷаввиз дода то таҷовузоту куштори худро бо тавҷеҳи дифо аз худ ва бо масӯнияти комил идома диҳад, афзуд, ин муҳим дар ветои қатъномаи оташбас, ки тавассути Иёлоти муттаҳида ахиран сурат пазируфт, намоён аст.

Вай дар идома афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон иттиҳомоти мушобеҳи матрӯҳа тавассути Амрико ва Англия алайҳи Эрон перомуни даргирӣ дар Украина, ки дар ҷаласаи алании Шӯрои амнияти зайли дастури кори «ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ дар Украина» матраҳ шуд, қотеъона рад карда ва эълом медорад, ки мавзеи Эрон дар қиболи Украина шаффоф, собит ва бидуни тағйир аст.

Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 30 августи 2024 ҷаласае зайли мавзӯи «таҳдидот алайҳи сулҳу амнияти байналмилалӣ» баргузор кард, ки ин ҷаласа ба мавзӯи таъмини силоҳҳои ғарбӣ ба Украина ихтисос дошт.

Дар ин нишаст, намояндагони Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Британия ва Фаронса бори дигар ба таври ҳамоҳанг иқдом ба тарҳи иддаоҳои мушобеҳ зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот бо муноқишаи ҷорӣ дар Украина карданд. Намояндагони Фаронса ва Британия иддаоҳои нодурусти худро ба иштибоҳ зайли қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал (2015) матраҳ карданд, дар ҳоле, ки намояндаи Иёлоти муттаҳида низ илова бар тарҳи ҳамон иддаоҳои нодуруст, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.