Афзоиши 16 ҳазорнафарии донишҷуёни пажӯҳишгари эронӣ дар 3 соли ахир
(last modified Thu, 30 Jan 2025 05:05:32 GMT )
Январ 30, 2025 10:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 16 ҳазорнафарии донишҷуёни пажӯҳишгари эронӣ дар 3 соли ахир
    Афзоиши 16 ҳазорнафарии донишҷуёни пажӯҳишгари эронӣ дар 3 соли ахир

Порс тудеӣ- ҷамъияти донишҷӯёни докторантура дар Эрон, ки аксари онҳо донишҷӯёни пажӯҳишӣ ҳастанд, дар се соли таҳсили гузашта аз 137 ҳазор ба 153 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Алӣ Боқири Тоҳириниё, раиси пажӯҳиш ва тарҳрезии таҳсилоти олии Эрон, гуфт: Дар соли таҳсили ҷорӣ теъдоди донишҷӯён аз се миллиону 500 ҳазор нафар гузаштааст, ки дар муқоиса бо соли таҳсили қаблӣ 6 дарсад афзоиш дорад. Ба гузориши Порс тудеӣ, Алӣ Боқири Тоҳирниё афзуд: Бар асоси омори байналмилалӣ ва бар асоси таърифи стандартии шумори донишгоҳҳо, дар ҳоли ҳозир дар Эрон 440 донишгоҳ вуҷуд дорад. Ба ин шумора муассисаҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ низ дохил мешаванд, ки аз сабаби муассиса буданашон мустақилияти сохторӣ доранд ва воҳидҳои тобеи донишгоҳи марказӣ нестанд.

Тоҳирниё гуфт: Эрон бар пояи маълумоти пажӯҳиш ва тарҳрезии таҳсилоти олӣ дар мақоми 11-ум ва Ҳинд бо 5349 донишгоҳ дар мақоми аввал ва баъдан Индонезия, Амрико, Чин, Бразилия, Мексика, Русия, Ҷопон , Фаронса ва Германия дар рутбаҳои баъди қарор доданд.