Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон кист? + АКСҲО
(last modified Tue, 15 Apr 2025 12:11:29 GMT )
Апрел 15, 2025 17:11 Asia/Dushanbe
  • Аксе аз вазири умури хориҷаи Эрон ва набераи ӯ
    Аксе аз вазири умури хориҷаи Эрон ва набераи ӯ

Порс-Тудей. Сайид Аббоси Ироқчӣ, дипломат ва сиёсатмадори эронӣ аст, ки аз соли 1403 ба унвони вазири умури хориҷаи Эрон фаъолият мекунад.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар давлати чаҳордаҳум, дипломати бособиқа ва аз аъзои тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон бо гуруҳи 5+1 буда, ки собиқаи сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва муовинати сиёсии ин вазоратхонаро низ дорад. Дар ин матлаб аз “Порс-Тудей” нигоҳе ба зиндагонии вай андохта шудааст.

 

Таваллуд

Аббоси Ироқчӣ дар 5 декабри 1962 дар як хонаводаи суннатӣ дар Теҳрон ба дунё омад. Ӯ дорои 3 хоҳару 3 бародар аст, ки қариб ба иттифоқ аъзои хонаводаи вай дар ҳавзаи бозаргонӣ ва тиҷорат фаъол ҳастанд ва падарбузурги вай тоҷири фарш буд. Ӯ дар 17 солагӣ падари худро аз даст дод. Ӯ дорои ду бародари бузургтар аз худ аст.

 

Таҳсилот

Сайид Аббоси Ироқчӣ таҳсилоти академикии худро аз соли 1985 дар риштаи равобити байналмилал ва донишкадаи равобити байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон оғоз кард ва пас аз касби мадраки коршиносӣ аз ин донишкада, дар соли 1989 коршиносии аршади худро дар риштаи улуми сиёсӣ ва дар донишкадаи улуми сиёсӣ идома дод. Сипас мадраки доктории худро дар риштаи андешаҳои сиёсии Донишгоҳи Кенти Англия дарёфт кард. Вай мусаллат ба забонҳои арабӣ ва англисӣ аст.

Ҷавонии Сайид Аббоси Ироқчӣ

 

Фарзандон

Сайид Аббоси Ироқчӣ мутааҳҳил ва дорои се фарзанд (ду писар ва як духтар) аст.

Орзӯ Аҳмадванд, ҳамсари Сайид Аббоси Ироқчӣ
Аксе аз фарзанди Сайид Аббоси Ироқчӣ
Аксе аз Ироқчӣ ва набераи ӯ 

 

Ҳузур дар ҷабҳа

Сайд Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи кунунии Эрон собиқаи ҳузур дар ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ зидди Эронро низ дорад. Ироқчӣ пештар аксе аз ҳузураш дар ҷабҳаҳои ҷанги даврони Дифои муқаддас дар сафҳаи Инстаграми худ мунташир кардааст.

Аксе аз Ироқчӣ дар Ҷабҳаи ҷанги Эрон бо Ироқ, нафари аввали истода аз самти рост

 

Таълифи китоб

“Қудрати музокира” ва “Эрон Тойши” - ду китоби таълифи Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон аст.

Китобҳои таълифнамудаи Ироқчӣ

 

Ифтихорот

Аз ифтихороти ӯ метавон ба дарёфти нишони “Хуршеди Тобон”, “Ситораи Заррин” ва “Симин” аз давлати Ҷопон, дарёфти “Нишони Миллии дараҷаи ду - лаёқату мудирият” аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, дарёфти лавҳи “Сипоси Заррин” аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, “Пажӯҳишгари баргузидаи Вазорати умури хориҷаи Эрон” ва тақдирномаҳои зиёд аз раисони ҷумҳур, вазирони умури хориҷа ва дигар мақомот ишора кард.

 

Масъулиятҳо

Сайид Аббоси Ироқчӣ нахустин масъулияти худро ба унвони коршиноси бахши байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон дар соли 1999 бар уҳда гирифт ва дар соли 1994 дар аввалин пости расмӣ сарпарастии намояндагии Эрон дар Созмони Ҳамкории Исломиро ӯҳдадор шуд. Дипломати аршади Эрон аз соли 1999 то 2003 ба унвони сафири Эрон дар Финландия машғул ба фаъолият ва сипас дар соли 2003 ба муддати як сол раиси Идораи аввали Аврупои Ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон шуд.

Аксе аз Ироқчӣ

 

Ироқчӣ аз соли 2005 то 2007 муовини ҳуқуқӣ ва умури байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон шуд. Дар соли 2007 ба унвони сафири Эрон дар Ҷопон, роҳии Токио шуд ва чаҳор солро низ дар ин симат сипарӣ кард. Дар соли 2013 Ироқчӣ ибтидо муддатеро ба унвони сухангӯи Вазорати умури хориҷа ба фаъолият пардохт то ин ки ба унвони муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилали Вазорати умури хориҷа мансуб шуд.

Аксе аз даврони сухангӯии Ироқчӣ дар Вазорати хориҷаи Эрон

 

Ироқчӣ бо рӯи кор омадани давлати ёздаҳум ва вогузории музокироти ҳастаии Эрон ба Вазорати умури хориҷа, аз октябри 2013 ба узвияти тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон даромад ва пас аз Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи вақт, нафари дувуми Эрон дар музокироти ҳастаӣ бо гуруҳи 5+1 маҳсуб мешуд, ки ҳосили он имзои тавофуқи мавсум ба БарҶом миёни Эрон ва гуруҳи 5+1 дар июли 2015 буд.

Аксе аз вазири умури хориҷаи Эрон

 

Уммон - майдони озмуни дипломатияи ҳастаии Эрон ва Трамп

Ҳамакнун гуфтугӯҳои муқаддамотӣ миёни мақомоти амрикоӣ ва эронӣ дар Уммон ба сарпарастии Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, ба унвони фурсате барои санҷиши имкони музокироти расмӣ дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон талаққӣ мешавад. Ин музокирот бо вуҷуди собиқаи бади Амрико ва фишорҳои Исроил, метавонад ба таъйини чорчӯбу ҷадвали замонии гуфтугӯҳо мунҷар шавад, аммо сарнавишти он ҳамчунон номаълум аст.

Аксе аз Сайид Аббоси Ироқчӣ

 

Ва аммо гуфтугӯ дар сояи ҷанг ва беэътимодӣ

Стив Витков, фиристодаи вижаи Амрико дар ҳоле гуфтугӯҳои ғайримустақим бо Ироқчиро дар Уммон оғоз кард, ки танишҳои ҳастаӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон ба нуқтае ҳассос расидааст. Трамп хоҳони барчидани комили ғанисозии Эрон аст, дар ҳоле ки Теҳрон бар ҳифзи ҳаққи фаъолиятҳои сулҳомез таъкид дорад. Озодии 6 миллиард доллар манобеи блокшудаи Эрон ба унвони пешшарти гуфтугӯ матраҳ шуда ва дар ин миён таҳдиди ҳамлаи низомӣ низ ҳамчунон дар фазои музокирот соя афкандааст.