Густариши ҳамкориҳои ҳунарии Эрону Узбекистон дар ҳошияи ҷашнвораи театри Наврӯз
(last modified Sun, 04 May 2025 15:40:56 GMT )
Май 04, 2025 20:40 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои ҳунарии Эрону Узбекистон дар ҳошияи ҷашнвораи театри Наврӯз

Порс Тудей - Муовини ҳунарии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон ва мудири Театри бузурги Самарқанд бар тавсеаи муносиботи фарҳангии ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИСНА, Нодира Ризоӣ, муовини умӯри ҳунарии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон, ки барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театри “Наврӯз” ба Тоҷикистон сафар кардааст дар дидори раиси Театри бузурги Самарқанд аз кишвари Узбекистон, бар омодагии комили Эрон барои густариши равобити фарҳангии дуҷониба таъкид кард.

Вай афзуд, ҳавзаҳои мухталифи ҳунарӣ, аз ҷумла театр, мусиқӣ ва ҳунарҳои таҷассумӣ метавонанд заминасози таъомулоти бештар байни ҳунармандони ду кишвар бошанд.

Раиси театри Самарқанд ҳам бо қадрдонӣ аз кайфияти намоиши эронии “Одоби шикори рӯбоҳ” ибрози умедворӣ кард, ин рӯйдод оғозе барои ҳамкориҳои густардатари фарҳангӣ байни ду кишвар бошад.

Вай гуфт, иштирокоти торихӣ ва фарҳангии Эрону Узбекистон бавижа дар шаҳрҳои муҳимме монанди Самарқанду Бухоро, бистари муносибе барои тавсеаи фаъолиятҳои муштараки ҳунарӣ аст.

Гуфтанист, намоиши «Одоби шикори рӯбоҳ» ба нависандагии Иброҳими Одилниё ва коргардонии Муҳаммади Шокирӣ ба намояндагӣ аз Эрон дар Ҷашнвораи байналмилалии театри “Наврӯз”-и Тоҷикистон ҳузур ёфта, бо истиқболи хубе аз сӯи мухотабону масъулони фарҳангӣ рӯбарӯ шудааст.