Энержӣ; меҳвари аслии ҳамкории Эрону Русия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122696-Энержӣ_меҳвари_аслии_ҳамкории_Эрону_Русия
Порс Тудей- Узви ҳайати раисаи Шӯрои исломии шаҳри Теҳрон бар аҳаммияти равобити таърихӣ ва роҳбурдӣ миёни Эрону Русия таъкид кард.
(last modified 2025-11-04T03:39:15+00:00 )
Ноябр 02, 2025 13:08 Asia/Dushanbe
  • Энержӣ; меҳвари аслии ҳамкории Эрону Русия

Порс Тудей- Узви ҳайати раисаи Шӯрои исломии шаҳри Теҳрон бар аҳаммияти равобити таърихӣ ва роҳбурдӣ миёни Эрону Русия таъкид кард.

Ҷаъфари Бандии Шарабиёнӣ, узви ҳайати раисаи Шӯрои исломии шаҳри Теҳрон дар гуфтугӯе бо TV BRICS дар ҷараёни сафари ҳайати эронӣ ба Маскав, бар аҳаммияти равобити таърихӣ ва роҳбурдӣ миёни Эрону Русия таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей, ӯ гуфт, ки ҳамкориҳои ахир, чӣ дар қолаби гуруҳи БРИКС ва чӣ ба сӯрати дуҷониба, нишон медиҳад, ки ин ду кишвар дар шаклгирии назми ҷаҳонии ҷадид нақши муҳим ва таъсиргузоре доранд.

Вай бо ишора ба густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф монанди фанноварӣ, иқтисод, умури молӣ ва мудирияти шаҳрӣ тайи 20 то 30 соли гузашта, таъкид кард, ки энержӣ ҳамчунон дар садри авлавиятҳои муштарак қарор дорад.

Ӯ нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳрро намунае бориз аз ин ҳамкорӣ донист ва гуфт, ки ин пружа бо кумаки мутахассисони русӣ дар ҳоли таҷҳиз аст. Вай ибрози умедворӣ кард, ки ин нерӯгоҳ ба зудӣ ба таври комил роҳандозӣ шавад.

Нерӯгоҳи Бушеҳр, нахустин нерӯгоҳи ҳастаии Эрон ва Ғарби Осиё, сохти он аз соли 1975 оғоз шуд. Пас аз вақфае тулонӣ, Эрону Русия дар соли 1992 тавофуқ карданд, ки пружаро идома диҳанд. Дар соли 2011, нахустин воҳиди нерӯгоҳ ба баҳрабардорӣ расид ва акнӯн ширкати русиии «Росатом»дар ҳоли сохти воҳидҳои дувум ва сеюм аст.

Бар асоси эъломи «Росатом», дар сентябри 2025, Эрону Русия тафоҳумномае барои сохти нерӯгоҳҳои ҳастаии кучак низ имзо карданд. Ҳамчунин дар меҳрмоҳ, Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон эълом кард, ки маҳали эҳдоси ин нерӯгоҳҳо мушаххас шуда ва умедвор аст, қарордоди ниҳоӣ ба зудӣ имзо шавад.