Ҳамкории рейлии Эрону Афғонистон - калиди иттисоли Чин ба Аврупо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122778-Ҳамкории_рейлии_Эрону_Афғонистон_калиди_иттисоли_Чин_ба_Аврупо
Порс-Тудей. Муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудиромили роҳи оҳани Эрон, аз тарҳи иттисоли шабакаи рейлии Чин ба Аврупо аз тариқи масирҳои рейлии Афғонистону Эрон хабар дод.
(last modified 2025-11-07T12:31:44+00:00 )
Ноябр 07, 2025 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории рейлии Эрону Афғонистон - калиди иттисоли Чин ба Аврупо
    Ҳамкории рейлии Эрону Афғонистон - калиди иттисоли Чин ба Аврупо

Порс-Тудей. Муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудиромили роҳи оҳани Эрон, аз тарҳи иттисоли шабакаи рейлии Чин ба Аврупо аз тариқи масирҳои рейлии Афғонистону Эрон хабар дод.

Ҷабборалии Зокирӣ, мудиромили роҳи оҳани Эрон бо таъкид бар нақши роҳбурдии Эрон дар каридорҳои байналмилалӣ, аз барномарезӣ барои иттисоли шабакаи рейлии Чин ба Аврупо аз масири Афғонистону Эрон хабар доду гуфт, ки такмили хати рейлии Мазори Шариф–Ҳирот ва пайванди он бо масирҳои убурӣ аз Эрон, Афғонистонро ба обҳои озод ва бозорҳои аврупоӣ муттасил мекунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Форс, Зокирӣ дар дидор бо мавлавӣ Фазлмуҳаммади Ҳаққонӣ, сафири ҳукумати Афғонистон дар Теҳрон, бо ишора ба аҳамияти такмили хати рейлии Мазори Шариф–Ҳирот гуфт, ки иттисоли ин масир ба каридорҳои байналмилалии убурӣ аз Эрон, аз ҷумла масирҳои мунтаҳӣ ба Чобаҳор (обҳои озод) ва Чашмаи Сурайё (Туркия ва Аврупо) метавонад дастрасии Афғонистон ба обҳои озод ва дар ниҳоят ба шабакаи рейлии Аврупоро фароҳам кунад.

Вай афзуд: Баҳрабардорӣ аз қитъаи сеюми хати рейлии Хоф–Ҳирот, тӯли масири фаъоли миёни ду кишварро ба ҳудуди 140 километр расондаву такмили қитъаи чаҳорум низ дар дастури кори тарафи афғонистонӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Эрон омода аст бо ҳамкории наздик бо Кобул, масири Мазори Шариф–Ҳиротро ба занҷираи транзити байналмилалӣ муттасил кунад.

Дар ин нишаст, сафири Афғонистон бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар эҳдос ва баҳрабардорӣ аз пружаи Хоф–Ҳирот, бар афзоиши зарфияти боргирӣ ва тахлия дар истгоҳи Хоф ва осонсозии тараддуди қаторҳои борӣ миёни ду кишвар таъкид кард.

Вай ҳамчунин ташкили кумитаҳои тахассусии муштарак барои рафъи мавонеи фаннӣ ва иҷроиро зарурӣ донист.

Зокирӣ бо ишора ба рушди қобили тавваҷуҳи ҳамлу нақли борӣ дар масири Хоф–Ҳирот изҳор дошт, ки ин масир кори худро бо ҳамли моҳона 10 ҳазор тон бор оғоз кард ва акнун ба беш аз 60 ҳазор тон дар моҳ расидааст. Ҳадафгузории роҳи оҳани Эрон афзоиши ин зарфият ба 100 ҳазор тон дар моҳ дар моҳҳои оянда аст.

Ду тараф дар поён бар суръат додан дар бунёди хати Мазори Шариф–Ҳирот, ташкили кумитаи муштараки фаннӣ ва иҷроӣ ва пайгирии мусаввабот барои баҳрабардории комил аз масири ёдшуда таъкид карданд. Ин пружа дар сурати такмил, ҳалқае калидӣ дар иттисоли Шарқи  Осиё ба Аврупо аз тариқи меҳвари Чин–Афғонистон–Эрон–Туркия хоҳад буд ва метавонад ҷойгоҳи Эронро дар нақшаи транзитии минтақа беш аз пеш тақвият кунад.