Як коршиноси эронӣ: Таҳдиди Амрико алайҳи Эрон шантажи сиёсӣ ва равонӣ аст
-
Як коршиноси эронӣ: Таҳдиди Амрико алайҳи Эрон шантажи сиёсӣ ва равонӣ аст
Порс Тудей- Як коршиноси эрони масоили байналмилал бо таҳлили рафторҳои ахири Вашенгтон ва Тел-Авив дар бораи Эрон изҳор кард, ки таҳдидҳои Амрико зидди Эрон беш аз оники воқеъи бошад шантажи сиёсӣ ва равонӣ аст.
Мустафо Хушчашми, коршиноси эронӣ дар умури байналмилалӣ, гуфт: Шикасти нақшаҳои чандқабатаи режими саҳюнистӣ дар "ҷанги 12-рӯза" бо Эрон нуқтаи гардиш буд, ки нишон дод, ки душман на танҳо дар суст кардани қудрати низомии Эрон ноком шудааст, балки муттаҳидии дохилии Эрон низ афзоиш ёфтааст. Ба гузориши Порс Тудей, у афзуд: Пас аз қатъ шудани ҷанг, Амрико ва режими саҳюнистӣ роҳҳои дигареро барои ҷуброни ин нокомӣ истифода бурданд; аз ҷанги гибридӣ ва ҳамлаҳои киберӣ то фишори дипломатӣ ва талошҳо барои фаъол кардани механизми ангезанда. Тамаркуз ба мушкилоти иқтисодӣ ва табдил додани норозигӣ ба нооромиҳо низ қисми ин стратегия буд.
Ба гуфтаи Хушчашмb, Амрико ва Исроил мехостанд бесарусомонӣ эҷод кунанд, гурӯҳҳои террористиро фаъол созанд ва ҳатто роҳро барои ишғоли баъзе шаҳрҳои Эрон ҳамвор кунанд, аммо ҳамаи ин сенарияҳо бо нокомии комил анҷом ёфтанд.
Коршиноси эронӣ таъкид кард: Сохтори қудрати Эрон ва хароҷоти вазнини ҳар гуна низоъ боис шудааст, ки Амрико бо эҷоди фазои тарс ва фишори расонаҳо қаноат кунад ва ҷуръат накунад, ки ба ҷанги воқеӣ ворид шавад. Аз ин рӯ, таҳдидҳои Амрико алайҳи Эрон бештар шантажи сиёсӣ ва равонӣ мебошанд, на воқеӣ.