Ҳамкории маъдании Эрону Тоҷикистон - ташкили коргурӯҳи муштарак ва тавсеаи содироти фӯлод
-
Ҳамкории маъдании Эрону Тоҷикистон
“Порс-Тудей”. Ҳамкории маъдании Эрону Тоҷикистон бо ташкили коргурӯҳи муштарак, бозсозии саноеи маъданӣ ва афзоиши содироти фӯлод вориди марҳалаи иҷроӣ мешавад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Садо ва Симо, Масъуди Самеинажод, раиси Созмони тавсеа ва навсозии маодину саноеи маъдании Эрон, ки дар сафари ҳайати эронӣ ба Душанбе ҳузур дорад, эълом кард, бо ҳадафи густариши ҳузури ширкатҳои эронӣ дар бахши маъдану саноеи маъдании Тоҷикистон, коргурӯҳи муштараке миёни Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва Вазорати саноеи Тоҷикистон ташкил хоҳад шуд. Ин коргурӯҳ маъмури тадвини нақшаи роҳи ҳамкориҳо ва ироаи гузоришҳои моҳона ба вузарои ду тараф барои рафъи мавонеи иҷроӣ аст.
Вай бо ишора ба зарфиятҳои маъдании бикри Тоҷикистон гуфт, ҳамкориҳо дар се меҳвари бозсозии саноеи маъданӣ бо баҳрагирӣ аз тимҳои муҳандисии эронӣ, омӯзиши неруи инсонии тоҷик ва тарроҳии низоми муҳандисӣ барои саноеи фароварии маъданӣ дунбол мешавад.
Ҳамчунин ширкатҳои бузурги маъдании Эрон дар ин раванд мушорикат хоҳанд дошт ва эҷоди марокизи хадамотӣ ва тавзеӣ дар Тоҷикистон барои арзаи маҳсулоти маъданӣ ва филизии Эрон дар дастури кор қарор гирифтааст.
Тамаркуз бар бозори фӯлоди Тоҷикистон ва пружаҳои зерсохтӣ
Саиди Зарандӣ, мудиромили Фӯлоди муборака низ бо таъкид бар зарфиятҳои бозори фӯлоди Тоҷикистон эълом кард, ин бозор дар мароҳили аввалияи рушд қарор дорад ва ба маҳсулоти фӯлодии тавилу тахт ниёз дорад. Зарфияте ки Эрон метавонад онро таъмин кунад.
Вай аз барномарезӣ барои тавсеаи марокизи тавзеи фӯлоди Эрон дар Тоҷикистон ва афзоиши содирот хабар доду афзуд, ҳамкорӣ дар ҳавзаи маодини оҳану ғайриоҳанӣ низ дар дастури кор қарор гирифтааст.
Зарандӣ ҳамчунин ба омодагии Эрон барои мушорикат дар тарҳҳои обии Тоҷикистон аз тариқи таъмини лӯлаҳои интиқоли об ишора карду гуфт, тавсеаи ин ҳамкориҳо метавонад илова бар таъмини ниёзҳои санъатии Тоҷикистон, заминаи густариши тиҷорати минтақаиро фароҳам кунад.
Бар асоси ин гузориш, тамаркуз бар интиқоли дониши фаннӣ, ҳузури фаъоли бахши хусусӣ ва иҷрои пружаҳои муштараки санъатӣ, нишондиҳандаи рӯйкарди роҳбурдии Эрон дар тақвияти пайвандҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои муштараки маъданӣ ва санъатӣ аст.