Зариф: Ба БАРҶОМ ифтихор мекунам
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12459
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро мояи ифтихори худ донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 24, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ба БАРҶОМ ифтихор мекунам

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро мояи ифтихори худ донист.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи фаъолони иқтисодии эронӣ дар бисту дуввумин Нишасти утоқи бозаргонии Теҳрон афзуд: Ончи, ки БАРҶОМ тавонист анҷом диҳад, ин буд, ки мавонеи иқтисодии зидди Эронро то ҳадде, ки ба ҳастаӣ рабт дошт, аз миён бардошт ва чун парвандаи Эрон ба баҳонаи ҳастаӣ вориди Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид шуда буд ва таҳримҳо зидди Эрон бо шиддати бештаре эъмол мегардид .

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Муваффақияти БАРҶОМ дар ин буд, ки битавонад фазои равонии ҷаҳонро дар бораи Эрон ором кунад ва ба ҳамин сабаб бадхоҳони ҷумҳурии исломии Эрон ҳамаи талошашон қабл ва пас аз БАРҶОМ ин будааст, ки нагузоранд, оромиш барқарор шавад .

Зариф гуфт: “Ман ба БАРҶОМ ифтихор мекунам, аммо муътақидам, ҳар рӯз набояд исмашро биёварем. БАРҶОМ тавофуқе бо шаш кишвар буд, ки ҳар тарафе маҷбур буд, нукотеро бипазирад ҳамонтур, ки Амрико дар музокироти ҳастаӣ бештар аз мо нукотеро пазируфт, зеро амрикоиҳо муътақид буданд, Эрон набояд ҳеч сентрифуга ва реактори об сангин дошта бошад ва ҳамчунин муътақид буданд, таҳримҳо барои Амрико бузургтарин сармоя аст, аммо бо иҷрои БАРҶОМ ҳамаи инҳоро аз даст доданд”.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар айни ҳол гуфт: Агар лаҳзае ба ин ҷамъбандӣ бирасем, ки БАРҶОМ манофее надорад ва наметавонем аз ин тавофуқ имтиёзе бигирем, ба қабл аз БАРҶОМ бармегардем .