Интисоби шаш фармондеҳи олирутбаи низомӣ аз сӯи Раҳбари инқилоб
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125360-Интисоби_шаш_фармондеҳи_олирутбаи_низомӣ_аз_сӯи_Раҳбари_инқилоб
Порс Тудей - Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар аҳкоме ҷудогона, шаш фармондеҳи олирутба дар Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, Сипоҳи посдорон ва Басиҷи мустазъафини Эронро мансуб фармуданд.
(last modified 2026-08-11T05:30:00+00:00 )
Август 11, 2026 10:13 Asia/Dushanbe
  • Интисоби шаш фармондеҳи олирутбаи низомӣ аз сӯи Раҳбари инқилоб
    Интисоби шаш фармондеҳи олирутбаи низомӣ аз сӯи Раҳбари инқилоб

Порс Тудей - Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар аҳкоме ҷудогона, шаш фармондеҳи олирутба дар Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, Сипоҳи посдорон ва Басиҷи мустазъафини Эронро мансуб фармуданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо; Ҳазрати Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Фармондеҳи муаззами кулли қуво, бо содир кардани аҳкоми ҷудогонае масъулиятҳо ва маъмуриятҳои шаш тан аз фармондеҳон ва мудирони олирутбаи нерӯҳои мусаллаҳи Эронро иблоғ карданд.

Бар асоси ин аҳком, сардор сарлашкар халабон посдор Алӣ Абдуллоҳӣ ба унвони раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва амир сартип Киюмарс Ҳайдарӣ ба унвони ҷонишини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъйин шуданд.

Ҳамчунин сардор сартип посдор Аҳмад Ваҳидӣ бо дарёфти дараҷаи сарлашкарӣ уҳдадори фармондеҳии кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ шуд ва сардор сарлашкар посдор Мустафо Изадӣ масъулияти ҷонишинии фармондеҳии кулли Сипоҳро бар уҳда гирифт.

Дар идомаи ин аҳком, масъулияти фармондеҳии нерӯи дарёии Сипоҳ ба сардор дариёдор посдор Алӣ Узмоӣ ва раёсати Созмони Басиҷи мустазъафини Эрон ба Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Ҳусайн Тоиб муҳаввал шуд.