Баҳрабардорӣ аз бузургтарин полоишгоҳи ғаллаи Ховари Миёна дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12765-Баҳрабардорӣ_аз_бузургтарин_полоишгоҳи_ғаллаи_Ховари_Миёна_дар_Эрон
Полоишгоҳи “Ғаллоти Зар”, бузургтарин полоишгоҳи ғаллаи Ховари миёна ва аввалин полоишгоҳи ғаллаи Эрон субҳи имрӯз, сешанбе, бо ҳузури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба баҳрабардорӣ расид.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 31, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз бузургтарин полоишгоҳи ғаллаи Ховари Миёна дар Эрон

Полоишгоҳи “Ғаллоти Зар”, бузургтарин полоишгоҳи ғаллаи Ховари миёна ва аввалин полоишгоҳи ғаллаи Эрон субҳи имрӯз, сешанбе, бо ҳузури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар нахустин рӯз аз сивуҳаштумин даҳаи Фаҷри инқилоби исломӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз аз бузургтарин полоишгоҳи ғаллаи Ховари миёна дар шаҳри Караҷ, дар ғарби Теҳрон баҳрабардорӣ кард.

Ин полоишгоҳ метавонад бо фароварии рӯзона ҳазорон тон ғалла, хӯроки аввалияи даҳҳо воҳиди санъатии ғизоӣ ва доруии Эронро полоишу таъмин кунад.

Ин корхона барои тавлиди солона 400 ҳазор тон глютени зуррат (ҷуворимакка), глюкоза ва фруктоза, шарбат ва низ шаш ҳазор тон анвои печени (бисквит), кулча, шириниҳои ғайриордӣ ва шоколод зарфият дорад.

Ин полоишгоҳ бо беш аз 5 миллиард доллар сармоягузорӣ барои 300 нафар ба таври мустақим ва барои ҳазору 200 нафар ба таври ғайримустақим ҷойи кор эҷод кардааст.

Ҳамчунин бо ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон, аз як анбори 210 ҳазор тоннаӣ барои захирасозии ғаллаҳо баҳрабардорӣ шуд.