Трамп: Эрон ҳеч эътиное ба мо надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13017-Трамп_Эрон_ҳеч_эътиное_ба_мо_надорад
Раисҷумҳури ҷанҷолии Амрико бори дигар гуфт, тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бадтарин тавофуқе буда, ки вай токунун дидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Эрон ҳеч эътиное ба мо надорад

Раисҷумҳури ҷанҷолии Амрико бори дигар гуфт, тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бадтарин тавофуқе буда, ки вай токунун дидааст.

Ба иттилои Ирно, Доналд Трамп якшанбе шаб дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Фокс Ниюз дар бораи тавофуқи ҳастаии Эрон бо гурӯҳи 5+1 гуфт: Ман фикр мекунам, ин бадтарин тавофуқе буд, ки токунун дар бораи он музокира шудааст ва ба гумонам ҳечгоҳ набояд анҷом мешуд .

Раисҷумҳури Амрико гуфт: Мояи шрмсорист, ки чунин тавофуқе бо Эрон доштем ва маҷбур шудем, тавофуқе монанди онро имзо кунем дар ҳоле, ки ҳеч далеле барои анҷоми ин кор набуд .

Трамп дар посух ба ин савол, ки оё Амрико БАРҶОМ-ро нақз мекунад ё на, гуфт: Мо қасд дорем, бубинем чи иттифоқе хоҳади афтод, онҳо (эрониҳо) комилан ба кишвари мо беэътиноӣ мекунанд ва ба мо эҳтиром намегузоранд .

Мақомҳои амрикоӣ ва раисҷумҳури Амрико дар рӯзҳои гузашта борҳо изҳороте хасмонаро бо забони таҳдид алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон матраҳ кардаанд, ки вокуниши мутақобили мақомоти ҷумҳурии исломии Эронро дар пай доштааст .