Феврал 15, 2017 20:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Иродаи Эрон ва Уммон барои барқарории субот дар минтақа ҷиддӣ аст

Раисҷумҳури исломии Эрон бар лузуми густариши ҳамкориҳои муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа барои таъмини амният ва ҳамчунин авлавияти оташбас ва кумак ба мардуми мазлуми Яман таъкид кард.

Ба иттилои Ирно, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Султон Қобус, подшоҳи Уммон дар Маскат бо таъкид бар нақши Эрон ва Уммон дар амнияти минтақа гуфт: Ду кишвар нигаҳбонони торихии тангаи Ҳурмуз ба унвони масире амну озод барои тиҷорати байналмилалӣ ҳастанд ва ҳамкории онҳо дар таъмини субот ва тавсеаи минтақа муассир аст .

Рӯҳонӣ афзуд: Барои таъмини амнияти минтақа ҳеч роҳҳалле асоситар аз масъулиятпазирии кишварҳои минтақа ва ҳамкориҳои даруни минтақаӣ вуҷуд надорад, бинобарин ҳама бояд дар канори якдигар барои амният ва суботи пойдор дар минтақа ҳамкорӣ ва мушорикат дошта бошанд.  

Раисҷумҳури Эрон бо истиқбол аз густариши равобити дуҷониба ва минтақаии Эрон бо ҳамсоягон афзуд: Эрон ба кумакҳои худ ба кишварҳое, ки бо мушкилоти мухталиф аз ҷумла терроризм мувоҷеҳ ҳастанд, идома хоҳад дод .

Рӯҳонӣ тарвиҷи эронҳаросиро тавтеае фароминтақаӣ ва тарроҳии душманони муштараки ислом ва аъроби минтақа донист ва тасреҳ кард: Теҳрон ҳамвора манодии ҳалли мушкилот ва ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ буда ва қудрати низомии Эрон низ сирфан дифоӣ ва пуштвонае мустаҳкам барои амнияти минтақа аст.

Султон Қобус, подшоҳи Уммон низ дар ин дидор гуфт: Уммон ба дунболи густариши ҳамкорӣ бо Эрон дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст .

Подшоҳи Уммон бо қадрдонӣ аз омодагии ҳамешагии Эрон барои барқарории равобити наздиктар бо ҳамсоягон ва ҳамкориҳои минтақаӣ тасреҳ кард: Таҳкими равобити Эрону кишварҳои минтақа ба нафъи тавсеа, амният ва суботи минтақа аст.

 

Барчасп