Бо ҳузури раҳбари муаззами инқилоб, Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин оғоз шуд
(last modified 2017-02-21T11:05:48+00:00 )
Феврал 21, 2017 16:05 Asia/Dushanbe
  • Бо ҳузури раҳбари муаззами инқилоб, Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин оғоз шуд

Шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин бо ҳузури раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва мақомот ва шахсиятҳои сиёсии 80 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бадви вуруд ба толори иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон ба манзури ҳузур дар Конфронси ҳимоят аз интифозаи Фаластин, ба ёдмони шуҳадои интифоза адои эҳтиром карданд .

4 кумитаи тахассусии парлумонӣ, кумитаи ҷавонон, кумитаи созмонҳои ғайридавлатӣ ва кумитаи шахсиятҳои муқовимат, дар ин конфронс ташкил мешавад .

Раёсати ин давра аз конфронс бар уҳдаи Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аст ва раисҷумҳури исломии Эрон дар ихтитомияи ин конфронс суханронӣ хоҳад кард .

Иҷрои симфонияи муқовимат ва таҷлил аз чеҳраҳои муқовимат аз дигар барномаҳои ихтитомияи Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин хоҳад буд .

Ба гуфтаи Козими Ҷалолӣ, сухангуи ин иҷлос, дар маросими имрӯз беш аз 80 ҳайъат ва 700 меҳмони хориҷӣ ба муддати ду рӯз меҳмони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон хоҳанд буд ва рӯзи панҷшанбе низ нишасте бо созмонҳои мардумниҳод ва ниҳодҳои ғайридавлатии ҳомии муқовимати Фаластин дар маҳалли иҷлоси сарон баргузор мешавад .

Гуфтанӣ аст, панҷ иҷлос дар солҳои 70, ‌80, 85, 87 ва 90 хуршедӣ ( 1992,2002,2007,2009 ва 2012) пас аз тасвиби қонуни ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин дар 19 урдибиҳишти соли 69 хуршедӣ ( 5.5.1990) дар Теҳрон баргузор шуда ва имсол шашумин конфронс баргузор мешавад .

 

Барчасп